Ҷомеа

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат мактуби роҳбарияти ҶДММ “Мурғпарварии Мумтоз” ворид шудааст, ки дар давоми аз моҳи март то моҳи сентябри соли 2021, кормандони ҶДММ-и мазкур ҷавони 25 ва марди 33-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод бо роҳи пинҳонӣ ба ҳамин корхона, воқеъ дар ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат даромада, аз он ҷо хӯрокҳои паррандаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, нисбати марди марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шӯроби шаҳри Исфара бо қисми 4 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки ӯ 15-уми августи соли 2021, тахминан соати 22:40-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Э.Шарипови шаҳри Конибодом даромада, аз дохили ҷевон 10 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button