
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон оғоз шуданд. Ҳарчанд қаблан хабар дода мешуд, ки Тоҷикистон аз ширкат дар мусобиқа даст мекашад, аммо зоҳиран вазъ дар лаҳзаи охирин тағйир ёфтааст ва варзишгарони тоҷик ба майдони набардҳои варзишӣ омадаанд.
Дар рӯзи аввали Бозиҳои кишварҳои ИДМ тоҷикон 4 медал ба даст оварданд.
Муҳаммад Икромов дар қуштии озод байни ҷавонон дар вазни то 61 кило медали нуқра ба даст овард.