АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

Музаффар Ҳусейнзода ва Лорд Тариқ Аҳмад Уимблдонӣ вобаста ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуданд

ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лорд Тариқ Аҳмад Уимблдонӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар самтҳои мухталиф, мушорикат дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иқдомҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин тадорукот ба Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим COP26, ки моҳи ноябри 2021 дар Глазгои Британияи Кабир баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо вобаста ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори омодагӣ карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button