АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

Ҷабҳаи муқовимат аз талафоти зиёди Толибон дар Панҷшер гуфт

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат дар Твиттер навиштанд, ки радикалҳо талафоти калон додандДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар медиҳад, ки шаҳри Чарикар, маркази вилояти Парвон, дар шимоли Кобулро таҳти назорат гирифтааст.Дар натиҷаи ҷангҳо дар Панҷшер Толибон* (як созмони террористӣ, ки дар Федератсияи Русия мамнӯъ аст) талафоти калон диданд, хабар медиҳад Интерфакс.Намояндагони ҷабҳа дар Твиттер навиштанд, ки шаби гузашта Толибон* ҳамлаи худро ба водии Панҷшер аз чанд самт идома доданд: аз ағбаи Ҳовак, тавассути водии Андароб, аз ағбаи Соланг, дар ноҳияи Шотул ва инчунин аз шаҳри Гулбаҳори вилояти Парвон .

Ба гуфтаи онҳо, Толибон пеш аз оғози ҳамла ширкатҳоро маҷбур кардаанд, ки алоқа ва хадамоти интернетии Панҷшер ва интиқоли барқро қатъ кунанд.Дар ҳар се минтақа, тибқи паёмҳо дар Твиттер, радикалҳо талафоти зиёд доданд, даҳҳо ҷасади ҷангҷӯён дар майдони ҷанг боқӣ мондаанд. Иддае ҳам таслим шуданд.Гуфта мешавад, дар байни сарбозони ҷабҳа низ талафот вуҷуд дорад.Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки тарафдорони Аҳмад Масъуд, ки раҳбари Ҷабҳаи зидди Толибон* аст, тавонистанд чаҳор ноҳияро аз Толибон дар вилояти Бадахшон бозпас гиранд.* Ташкилоти террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button