Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори ҷавони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки таҳти сарпарастии раисиҷумҳури Русия ва сарвазири Ҷопон баргузор шуд, пирӯз гардид
ДУШАНБЕ, 3 сент- Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқ рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Владивосток баргузор шуд.
Дар ин сабқат, ки таҳти сарпарастии роҳбарони Русия ва Ҷопон баргузор мегардад, зӯрозмоӣ дар ҳайати даставӣ миёни мунтахаби Русия ва мунтахаби байналмилалии ҷудо — «U-23», тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо сурат гирифт.
Дар вазни то 73 кило паҳлавони тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон, барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё/Уқёнус Сомон Маҳмадбеков вориди майдон шуда, Казбек Нагучев, намояндаи Русияро шикаст дод.