АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

Ин дафъа тарғиби ошкори Толибон аз тарафи Радиои «Озодӣ»

Ин дафъа тарғиби ошкори Толибон аз тарафи Радиои «Озодӣ»Радои «Озодӣ» дар матлаби навбатии худ ин дафъа ошкор ҳаракати даҳшатафкани Толибонро тарғиб ва аз яке аз тарроҳони он Мулло Абдулғанӣ Бародар чеҳрасозии мусбат мекунад. Аз номи шахси сеюми ғойиб «ӯро як шахси нисбатан мӯътадил дар дохили ин гурӯҳи тундрав» меномад. Аз назари равоншиносӣ, истифодаи шахси сеюми ғойиб (дар ин маврид дар шакли ҷамъ) яке аз усулҳои муассири шустушӯи мағзӣ аст. Ин дар ҳолест, ки расона барои исботи назари худ ба сарчашмаи муътамаде ишорат намекунад. Сарчашмаҳо дар бораи Мулло Бародар маълумоти гуногун медиҳанд, аз он ҷумла унвони «Бародар»-ро ба ӯ Мулло Умар додааст. Ӯ бо Мулло Умар дар як муҳит бузург шудаанд, дӯстони даврони кӯдакӣ ва ҷавонӣ будаанд, якҷоя ин ҳаракати террористиро дар Покистон ташкил додаанд, аз рӯи баъзе маълумотҳо Бародар язнаи Мулло Умар аст, ӯро хадамоти ҷосусии Покистон бо дархости хадамоти ҷосусии Амрико зиндон ва баъдан бо дархости Зулмай Халилзод барои гуфтушуниди Доҳа озод кардааст… Агар Радиои «Озодӣ» ин маълумотро ба хонандагон пешниҳод мекард, шояд ҳадафаш ба даст намеомад, ки тарғиби ошкору пинҳони Толибон ва шустушӯи мағзии тоҷикон ба назар мерасад.Барои ба ин ҳадаф расидан, «Озодӣ» аз тактики дигари расонаӣ кор мегирад, яъне аз расонаи пурнуфузи байналмилалӣ «Рейтерс» ёд мекунад, аммо маълум нест, ки тавсифи Мулло Бародар чун «шахси нисбатан мӯътадил» аз он сарчашма гирифта шуда бошад. Охирин хабари Рейтрес чунин тавсифе аз Мулло Бародар намекунад, балки таъкид мекунад, ки дар ҳукумати нав Мулло Муҳаммад Ёқуб — писари Мулло Умар шомил мешавад, дар ҳоле ки Мулло Ҳайбатулло Охундзода, «пешвои муаззами динии Толибон, ба масоил ва ҳукумати динӣ дар чорчӯбаи Ислом хоҳад пардохт» («the Taliban’s supreme religious leader, will focus on religious matters and governance within the framework of Islam») роҳбарии исломии мамлакатро бар дӯши худ хоҳад дошт.Дар зер порае аз матлаби Радиои «Озодӣ»:»»Хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба чанд манбааш рӯзи 3-юми сентябр навишт, ҳаммуассиси “Толибон” ва раиси сиёсии ин гурӯҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар, ки ӯро як шахси нисбатан мӯътадил дар дохили ин гурӯҳи тундрав меноманд, раҳбари ҳукумати нави Афғонистон хоҳад шуд.»

https://www.facebook.com/hafiz.boboyorov/posts/4772439502783934?cft[0]=AZVRIynmrNjKMOTH2w_m7Wr7WLRWb53_dFwk0YohnYQFBIQZobtaxjkcj4QMd0LnyKIrSbus2KyWZFtqXCw0cl5d8gTSFZmi1-JOREWonVv82N09q4cd1_wfK4RAdBOsPyn6teTxxF4qmfdtQEyglJb_PZgKuSpSNvg43j-cJMTogsD3o-E01J50ptSEO7OJDiDtX5XdMtATbJtgyLalgqf_&tn=%2CO%2CP-y-R

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button