Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ ПИЁДАГАРД ДАР ДУ САДАМА ДАР ДУШАНБЕ ВА ХУРОСОН

Асри 31 август, соати 17, як зани 56-сола аз ҷамоати Фахрободи
ноҳияи Хуросон дар ҳудуди ҷамоати Ҳилолӣ зери чархи мошини
“Мерседес” монда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Соати сеи шаби 1 сентябр як пиёдагарди марди шахсияташ
номаълуми тахминан 35-40-сола дар рӯбарӯи бинои суди шаҳри
Душанбе зери чархи мошини “Шагман” ҷон бохтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 2 сентябри маркази матбуоти ВКД
Тоҷикистон
Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
Рӯзи 1-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 03:00, ронандаи
автомашинаи тамғаи «Шагман», Ибрагимов Зоирҷон Тоирҷонович, соли
таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рўдакӣ,
ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Қарабоев ба самти кӯчаи Мушфиқӣ,
дар рӯ ба рўи бинои суди шаҳри Душанбе қоидаҳои ҳаракати роҳро
таъмин карда натавониста, пиёдагард, марди шахсияташ номаълуми
тахминан 35-40-соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи
ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, 31-уми августи соли 2021, тахминан соати 17:00,
ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Беҳрўзи Ғоибзод, соли
таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри
Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи
Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард
Дулоева Моҳру Мирзораҳимовна, соли таваллудаш 1965, сокини
ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Дулоева М.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ
бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Боздошт гардидани ду ноболиғи 17-
сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 30-солаи сокини ҷамоати
деҳоти Абдувосиеви шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми
сентябри соли 2021, тахминан соати 14:00, шахси номаълум бо роҳи
пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон ҷавоҳироти
гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари
расонидашуда 6 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин шаҳр бо
гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳраки

Шайдони ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти
дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 28 ба 29-уми августи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз
нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар шаҳраки Шайдон, ки ба
марди 37-солаи сокини шаҳраки мазкур тааллуқ дорад, 1-адад
муҳаррики таҷҳизоти шустушӯи воситаҳои нақлиётиро дуздида, аз ҷойи
ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 23 ҳазор сомониро ташкил
медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси
ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома
дорад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button