Дин ва боварҳо

М.Садриддин – яке аз ифротиёни наҳзатӣ

М.Садриддин – яке аз ифротиёни наҳзатӣ

Ихтилофу иғвоангезӣ, дасисабозӣ, ҳангомаҷӯӣ ва тафриқаандозӣ ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳаррӯзаи Муҳаммадиқболи Садриддин табдил ёфтааст. Ин сомонаи ифротӣ пайваста матлабҳои муғризонаро ба нашр мерасонад, ки пур аз туҳмату буҳтон, иғвову дасиса ва ҳарзаҳои беасос аст. Муҳаммадиқболи Садриддин бо маблағи сарпарастони хориҷиаш дар хориҷ аз кишвар сомонаи ифротии худро таъсис дода, ба навиштани мақолаҳои зиддимилливу зиддидавлатӣ фаъол мебошад.

Дар матолиби нашрнамудааш М.Садриддин аз дурӯғу буҳтон кор гирифта, ахбореро ба нашр мерасонад, ки дар он сафед сиёҳ ва торик равшан нишон дода мешавад ва ҳар афкори муғризонаро ба мисли ҳақиқат ҷилва медиҳад.

Ин қаллоб ба хотири пулу мол ва сарват виҷдонашонро фурӯхта, бозичаи дасти хоҷагони хориҷиаш гаштаст. Аз ин рӯ, ҳар гуна иттилооти бардурӯғ ва сохтаву бофтаро эҷод карда, ҳукумати кишварро зери танқиди сахт қарор медиҳад. Ҳадаф аз нашри чунин иттилооти бардурӯғ ва муғризонаи ин ифротиҳои террорист барҳам задани фазои амну ороми кишвар аст.

 Замоне бо мақсади дар дохили кишвар иғво ангехтан ва дар миёни доираҳои динӣ-мазҳабӣ ҷудоӣ андохтан муллоҳоро ба мардумиву давлатӣ ва мустақилу номустақил ҷудо карда буд. Баъдан дар сомонаи худ масъалаи маҳалгароиро пайгирӣ намуда, ба мисли солҳои навадуми асри гузашта мехост масъалаи маҳалгароиро дубора роҳандозӣ кунад.

Чунин методи наҳзатиёни террористро мардум аз солҳои навад инҷониб фаромӯш накардаанд ва фаромӯш ҳам нахоҳанд кард. Зеро ин ташкилоти террористӣ бо мақсади ба даст овардани қудрат ва салтанат маҳалгароиро баҳона карда, ҷанги бародаркушро ба роҳ монданд, даст ба бетартибиву ҷиноят зада, низоми қонунии мавҷударо поймол карданд ва тамоми моликияти давлативу хусусиро ба ғорати сартосарӣ кашиданд.

Имрӯз аз ҷониби сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” ҷонибдор ва пайрави наҳзатиёни террорист иғвову дасиса, фитнаву тафриқаандозӣ кардан ба хотири он аст, ки ин палид мехоҳад дар кишвари мо ҷангу хунрезии солҳои навад такрор ёбад. Мехоҳад, ки ҳамроҳи ҳаммаслакони дигари террористаш ҳокимияти сиёсиро ғасб кунанду мардумро ба даҳшату террор  гирифтор намоянд.

Вале ин як хобу хаёли хом аст. Мардум дигар ҳама чеҳраи аслии ташкилоти террористии наҳзатиён ва дигар сомонаҳои ифротии ин ташкилотро шинохтанд ва ҳеҷ гоҳ фирефта ва гирифтори иғвову дасиса ва фитнаву тафриқаандозиҳои ин ташкилоти террористӣ намешаванд.

                                                          Шарифзода Ҷамолиддин

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button