МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ ШАШСОЛАИ ТОҶИК ДАР ЯК СӮХТОР ДАР КАНОРИ ЕКАТЕРИНБУРГ

Шаби 31 август ба 1 сентябр дар як манзили хусусӣ дар ҳудуди СНТ
«Железнодорожник» дар канори шаҳри Екатеринбурги Русия сӯхтор ба
амал омад. Бар асари сӯхтор як кӯдаки шашсола ба ҳалокат расида,
падар ва бародари ӯро бистарӣ кардаанд.
Бино ба иттилои сомонаи маҳаллии Е1.РУ, дар бораи сӯхтор ба
ниҳодҳои масъул дер хабар додаанд ва вақте ки мошинҳои
сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса расиданд, оташ алакай тамоми хонаро
фаро гирифта буд.

Ду нафар: падари хонавода, ки 36 сол доштааст, ва писари навраси ӯ
тавонистаанд мустақилона аз сӯхтор наҷот ёбанд. Онҳо баъди
баромадан аз хона кӯшиш кардаанд, ки худашон оташро хомӯш кунанд,
вале бенатиҷа.
Як шоҳиди ҳодиса мегӯяд: “Аз даруни хона ҷасади алакай мурдаи
кӯдаки шашсоларо бароварданд. Баданаш хеле сӯхта буд. Модари ӯ
чанде пеш ба сабаби бемории волидонаш ба Тоҷикистон рафта буд.”
Ин хона моликияти шахсии ин оилаи муҳоҷирони тоҷик будааст.
Падари ғамзадаро бо писари калониаш ба бемористон бурдаанд. Ба
гуфтаи манбаи Е1.Ру, 15% бадани мард сӯхтааст.
Майдони сӯхтор дар умум ҳудуди 100 метри мураббаъро ташкил дода,
барои фурӯ нишондани оташ ду моҳини сӯхторнишонӣ бо 9 корманд
ҷалб шуда буд. Онҳо обро барои фурӯ нишондани оташ аз гидранте, ки
дар масофаи 150 метр аз хонаи даргирифта ҷойгир шудааст,
мегирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button