Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

НОБОЛИҒРО БАРОИ ДУЗДИИ МУРҒ ШАНТАЖ КАРДА, ТО БА ХУДКУШӢ РАСОНД

Додгоҳи шаҳри Ҳисор рӯзи 5 август Азимов С.С.-ро бар асоси ду банди
Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 109, қисми 2 (расондан ба
худкушӣ) ва моддаи 247, қисми 4 (қаллобӣ) гунаҳкор шинохта, ба 9 соли
зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.
Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин
парванда гуфт, дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян
карда шудааст, ки Азимов С.С. тахминан моҳи апрели соли 2020
шаҳрвандон Тоҳиров С.А., Наврӯзи Т., Қодиров А.М. ва Юсупов С.Д.-ро
ба дуздии мурғ муттаҳам намуда, шаъну эътибори онҳоро мунтазам паст
задааст ва бо таҳдиди хабар додан ба мақомоти ҳифзи ҳуқук ё ба
хизмати ҳарбӣ сафарбар кардан аз онҳо пул талаб карда ва ҳамчунин ба
корҳои хоҷагиаш ҷалб мекардааст.

Ҳамин тавр, Азимов С.С. аз моҳи апрел то моҳи августи соли 2020
мунтазам шаъну эътибори ноболиғ Тоҳиров С.А.-ро дар назди
рафиқонаш паст зада, аз Тоҳиров С.А. пул талаб карда, таҳдид кардааст,
ки агар пул надиҳад, мурғдуздиашро ба милитсия хабар мерасонад.
Ба ин қонеъ нашуда, Қодиров А.М.-ро ду маротиба барои 1500 сомонӣ
ба манзили истиқоматии волидони Тоҳиров С.А. ба назди модараш
Сидиқова Б. равон кардааст.
Дар ниҳоят, ноболиғ Тоҳиров С.А. ба тахдиду таҳқири доимӣ аз ҷониби
Азимов С.С. тоқат накарда, аз тарси бадном шудандар назди аҳли оила
ва ҳамдеҳагон шаби 14 августи соли 2020, тахминан соати 23 худро дар
хонаашон дар деҳаи Обигармии ҷамоати Навобод, дар канори шаҳри
Ҳисор ба дор кашидааст.
Додгоҳ ҳамчунин Азимов С.С.-ро дар 4 лаҳзаи қаллобӣ гунаҳкор шинохт.
Ӯ аз ҷумла дар давоми моҳҳои май-августи соли 2020 ба боварии
шаҳрванд Қурбонов Р.Ш. даромада, бо ваъдаи ҷудо намудани 6 сотих
қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва нуқтаи фурӯши
сӯзишворӣ аз ӯ 45.500 сомонӣ гирифтаааст. Ба гуфтаи тафтишот, Азимов,
ҳамин тавр, бо роҳи қаллобӣ ба шаҳрвандон Мирзоализода М.М. ба
маблағи 67.000 сомонӣ, ба Ғафурова Ш.З. ба маблағи 3.000 сомонӣ ва
ба Ҳаитова М.С. ба маблағи 1020 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Додгоҳи Ҳисор Азимовро барои 4 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳо дар
мақомоти соҳаи заминсозӣ низ маҳрум кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button