Нуқтаи назарУмумӣХабарҳои кӯтоҳ

«БОМДОДКОМ»-И САЛИМПУР ДАР ХИЗМАТИ ИФРОТИҲО

«БОМДОДКОМ»-И САЛИМПУР ДАР ХИЗМАТИ ИФРОТИҲО Сомонаи ифротгарои “Бомдодком” матолибу гузоришҳое таҳия ва паҳн мекунад, ки аз воқеият дуранд ва ҳамеша бар зарари давлату миллати мо ҳастанд. Мирзои Салимпур – гардонандаи ин сомонаи ифротӣ чун одати ҳамешагиаш ба таҳрифи воқеият ва бадном кардани давлату Ҳукумат даст мезанад. Ҳатто чунин ба назар мерсада, ки матолиби уро на худаш, балки наҳзатиҳо таҳия карда бошанд. Аммо ба ном таҳлилгарони наҳзатӣ ва доираҳои ба наҳзат наздик, ки худро коршиносони мустақил ҷилва медиҳанд, ҳарчи дар зеҳнашон омад, ироа медоранд ва масалан, мусибатҳои ҷанги шаҳрвандиро ба гардани дигарон мезананд, камоли ноҷавонмардист. “Бомдодком”, ки дар паҳну интишори маводи муғризона устухон надорад, дар ин маврид ҳам иғвою даъво мепароканад ва давлату ҳукуматро бадном карданӣ мешавад. Салимпур дидаю дониста дуруғ менависад ва наҳзатиҳоро ҳамеша мусичаи бкгуноҳ нишон доданӣ мешавад. Фаромуш кардааст, ки куштори зиёда аз 150 ҳазор нафар кори дасти онҳост. Аммо тасаввур кунед, ки низоъ ва даргириҳои ибтидои солҳои навадум, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, кори дасти кӣ ва ё кадом гурӯҳҳо буд? Кӣ ва кадом гурӯҳҳо ба майдони Шаҳидон рехтанд ва чӣ тақозо доштанд? Филмҳои мустанаде, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ нашру пахш мешаванд, гувоҳи онанд, ки маҳз муллоёни иртиҷоӣ ва рӯҳониёни наҳзатӣ дар сафи пеши митинг ва эътирозот қарор доштанд ва онҳо муддаии қудрат ва салтанат буданд. Воҳимаю ҳангомаҳое, ки зимистону баҳори соли 1992 муллоёни наҳзатӣ дар доираи митинги майдони Шаҳидон мепароканданд, ҳанӯз аз хотири насли миёнсол ва солманди ҷумҳурӣ нарафтааст. Девонагарию худхоҳии ба ном бемократҳо ва рӯҳониёни саршиноси вақтро дар майдони Шаҳидон ҳар нафар сокини пойтахт дида метавонист. Агар имрӯз наҳзат ва коршиносони мустақил, ки дар мусибати миллию мардумӣ (ҷанги шаҳрвандӣ) тарафи наҳзати исломиро муқассир намедонанд, пас, анбӯҳи рише, ки дар майдони Шаҳидон манаҳ мезад ва амри маъруф мекард, киҳо буданд? Магар онҳо наҳзатӣ ва рӯҳониёни мутаассиб ва муҳофизакор набуданд, ки даъвӣ мефурӯхтанд ва тундутез иддао мекарданд? Магар майдондориҳои рӯҳониёни наҳзатӣ аз ёдамон рафтааст? Магар мусоҳибаҳои марҳум Сайид Қиёмиддинро, ки дар филмҳои мустанад сабт гардидааст, фаромӯш кардем? Магар даъвию иғвогариҳои муллоёни наҳзатӣ, ки соли 1992 аз тариқи телевизион намоиш дода мешуданд, дар ҷанги шаҳрвандӣ муқассир буданашонро нишон намедиҳад? Ва садҳо магарҳои дигарро инҷо метавон силсилабандӣ кард, ки муқассир ва муҷрим будани созмони наҳзати исломиро дар даргириҳои солҳои навади асри гузашта нишон медиҳанд. Аз ин гузашта, агар наҳзат девонагарӣ намекард, гумроҳонро ба майдони Шаҳидон намекашид ва даргириҳоро доман намезад, на ҷанг мешуду на мардум кушта мешуданд. Наҳзат ва сарпарастони он, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта даст ба кор шуданд, ҳадаф доштанд, ки давлати исломӣ бунёд намоянд ва мардумро таҳти тасаллути доимӣ қарор бидиҳанд. Маҳз бо ин ҳадаф мардуми Тоҷикистонро тақсим намуда, даргириҳоро дар манотиқи гуногуни кишвар ташаннуҷ бахшиданд. Чаро дар ин маврид аслан чизе намегӯянд ва арз намедоранд, ки наҳзат ва доираҳои пуштибони наҳзатӣ ҳам дар доман задани даргирию низоъҳо ва саранҷом ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкоранд? Чунки ҷонибдори наҳзатанд ва биниши наҳзатӣ доранд. Биниши наҳзатӣ доштан маънии мухолиф будан бо арзишҳои давлати миллӣ ва низоми дунявиро далолат мекунад. Аз ин ҷост, ки он чи ки солҳо мегӯянду менависанду таблиғ мекунанд, ба воқеиёти миллӣ ва ҳаводиси таърихӣ рост намеояд.Фаридун Ориёӣ, муҳаққиқ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button