ВидеоМУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

14 МУҲОҶИРРО БАРОИ ЗАНОЗАНӢ ДАР ПЕТЕРБУРГ АЗ РУСИЯ ПЕШ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

иштирокчии занозании гуруҳии шаби 22 август байни муҳоҷирон дар
ноҳияи Красноселский аз Русия ронда мешаванд. Протокол дар бораи
берун кардани онҳо тартиб дода шуда, ин 14 нафарро то судури ҳукми
додгоҳ дар боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷой кардаанд.
“Кормандони пулис нисбат ба 14 шаҳрванди кишварҳои хориҷаи
наздик, ки ҳангоми пешгирӣ аз муноқишаи гуруҳӣ дастгир шуданд,
парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Бо назардошти вазъияте, ки
ин хориҷиён дастгир шуданд, пулис аз додгоҳ қарори ихроҷи
маҷбурии онҳоро талаб хоҳад кард. То қабули қарори додгоҳ
қонуншиканҳо дар маркази нигоҳдории хориҷиён ҷой карда
шудаанд. Ҳамчунин кормандони кофтукови ҷиноӣ гумонбарон: 3
шаҳрванди як кишвари хориҷаи наздики синнашон аз 20 то 25 ва як
сокини 19-солаи бекори шаҳри Петрозаводскро ба ҳабс гирифтаанд”,
– нақли қавл кардааст ТАСС аз иттилоияи пулис

Пулис аз кадом кишвар будуни дастгиршудаҳоро нашр накард, вале
қаблан хабар дода шуда буд, ки пулис дар ҷои ҳодиса 14 муҳоҷир, аз
ҷумла 9 шаҳрванди Ӯзбекистон, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва як зодаи
Қирғизистонро дастгир кардааст. 5 нафари онҳоро барои вайрон
кардани қоидаҳои будубош дар Русия бар асоси моддаи 18.8 КоАП
Русия 500рублӣ ҷарима баста, 8 нафар ба шарти ҳозир шудан барои
бозҷӯӣ ҷавоб додаанд ва танҳо як шаҳрванди Тоҷикистонро пушти
панҷара боқӣ гузоштаанд.
Хабаргузории маҳаллии «Оперативное прикрытие» хабар дод, ки рӯзи
23 август дар робита ба ин ҳодиса бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии
Русия: қисми дуюми моддаи 111 (расондани осеби вазнин ба саломатӣ)
ва қисми дуюми моддаи 213 (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушода, дар
чорчӯби ин парвандаи ҷиноятӣ алакай 4 нафар: 3 шаҳрванди
Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Русия бо номи Сулаймон У. дастгир
шудаанд

22 август, соати 20:43 ба пулис хабар додаанд, ки дар назди бинои
№ 54/6 дар шоҳроҳи Красноселское ҳудуди 25 нафар занозанӣ доранд.
Аз ҷои ҳодиса як шаҳрванди22-солаи Ӯзбекистонро бо захми корд дар
ноҳияи қафаси сина дар ҳолати вазнин дар беморхонаи шаҳрии №26
бистарӣ карданд.
Моҳи июл дар меҳмонхонаи «Белые ночи» дар хиёбони Болшевикҳои
Петербург низ байни зодагони Тоҷикистону Чеченистон занозании
гуруҳӣ рӯй дода буд. Пулис баъди он занозанӣ 166 нафарро дастгир
кард, ки асосан зодагони Тоҷикистон ва аксараш аз Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон буданд. Мақомоти Петербург гуфта буданд, ки
муҳоҷирони дар занозанӣ иштироккардаро аз Русия ихроҷ карда, барои
50 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мекунанд.
Дар чанд ҳафтаи охир дар чанд шаҳру вилояти Русия занозаниҳои
гуруҳӣ байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо рӯй дод, ки нигаронии
ҷиддии мақомоти Русияро ба бор овардааст.ВКД Русия ҳушдор дод, ки
аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ
бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи
вуруд маҳрум хоҳанд кард.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав рӯзи 28 август х дар блоги худ бо як
лаҳни тунд дар бораи муҳоҷироне, ки даст ба қонуншиканиҳо ва
занозанӣ мезананд, изҳори назар кард ва навишт: “Ин хел мумкин
нест. Моро аз чунин меҳмонҳо хуш намеояд.” Собянин хабар дод, ки
дар моҳҳои охир пулис ба зидди муҳоҷирон як силсила рейдҳои шадид
анҷом дод ва дар натиҷа, нисбат ба муҳоҷирон 800 парвандаи ҷиноятӣ
кушода шуда, ҳудуди 200 нафарро за Русия депортатсия кардаанд ва
17,5 ҳазор нафари дигарро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд.
“Шояд барои касе ин аз ҳад сангин намояд. Вале дар оянда ҳам чунин
хоҳад буд. Маскав шаҳри меҳмоннавоз аст. Вале хоҳиш мекунем, ки
дар меҳмонӣ ба таври шоиста рафтор кунед “, – хитоб кардааст
Собянин ба меҳмонони пойтахти Русия.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button