УмумӣХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 4 КӮДАК ДАР 4 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР НУРОБОД, ДУШАНБЕ ВА ХУҶАНД

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои истироҳат дар 4 садамаи
нақлиётӣ дар Нуробод, Душанбе ва Хуҷанд 4 кӯдаки синнашон аз 1 то
15 ба ҳалокат расидаанд. Аз ҷумла шоми 28 август дар Душанбе ду
акаю додар зери чархи “Опел Астра” мондаанд. Шокирҷон Қосимов,
с.т. 2005 дар беморхона бистарӣ карда шуд, вале додараш Аҳмад, с.т.
2014 дар бемористон ҷон додааст. Ҳамин тавр, Собирҷон Дмитриев,
соли таваллудаш 2020, субҳи 29 август, дар кӯчаи Мастонгулови шаҳри
Душанбе хери чархи “Ҳундай Соната” ба ҳалокат расида, Усмон
Ибронов, с.т.2019, шоми 27 август дар ҳудуди ҷамоати Хумдони
ноҳияи Нуробод бар асари чаппа шудани “Опел” ва Манучеҳр
Ибодов, с.т. 2006, рӯзи 29 август, соати 13:55, бар асари бархӯрди ду
мошин дар Хуҷанд ҷон бохтаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар, аз
ҷумла даҳҳо ноболиғ ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар
маъюб мешаванд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 27-уми августи соли 2021, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назриев Дустмурод Холмуродович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи нноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Рашт, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа кардааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, хурдсол Ибронов Усмон Дилшодович, соли таваллудаш 2019, сокини ҷамоати деҳоти Ширинчашма, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, 28-уми августи 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Нарзуллоев Фирӯз Сангинмуродович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Д.Халқҳо-Анзоб дар рӯ ба рӯи нуқтаи шустушӯи нақлиёти «Армуғон», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардони хурдсол, Қосимов Аҳмад, соли таваллудаш 2014 ва Қосимов Шокирҷон, соли таваллудаш 2005, сокинони ноҳияи Шоҳмансурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Қосимов Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Хурдсол Қосимов А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тариқ, рӯзи 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 10:10- дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Саната», Нозимов Хуррам Абдулҳомидович, соли таваллудаш 1992, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Мастонгулов дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии кӯчаи М.Мастонгулов мусофиронро аз автомашина фароварда, ҳангоми ба ҳаракат даровардани автомашина, пиёдагарди хурдсол Дмитриев Собирҷон Иззатович, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри Душанберо, ки дар қисми пеши автомашина меистод, пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Дмитриев С.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мутаассифона, рӯзи 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 13:55- дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда-СРВ», Зокиров Собирҷон Содиқович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи дуюминдараҷаи байни бинои «Паприка»-и шаҳри Хуҷанд дар вақти ба роҳи асосӣ баромадан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Каролла-Версо», таҳти идораи ронанда Рустамов Азиз Азимович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд, бархӯрдааст, ки автомашинаи тамғаи «Тойота-Каролла-Версо» ба бетони канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тойота-Каролла-Версо», ноболиғ Ибодов Манучеҳр Мавлонович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button