Фарҳанг

МАҶАЛЛАИ ОЛМОНИИ “WOSTOK” ЯК ШУМОРААШРО ПУРРА БА ТОҶИКИСТОН БАХШИДААСТ

Дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи олмониии Wostok шумораи навбатии
худро дар ҳаҷми 80 саҳифа пурра ба Тоҷикистон бахшид. Дар ин бора
вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш хабар дод.
Бино ба ин манбаъ, “дар ин шумораи махсуси маҷалла зери унвони
«Тоҷикистон – сарзамини баландкуҳ ва дорои фарҳангу таърихи
пурғановат» паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва
фарҳангии Тоҷикистон ва халқи тоҷик инъикос гардида, дар ин
замина ба дастовардҳои кишвар дар замони истиқлолият диққати
бештар дода шудааст.”

Ҳайати таҳририяи маҷалла дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар
Берлин ва вазорату идораҳои кишварамон дар 21 мавзӯи мукаммал
таърихи ташаккулёбии халқи тоҷик, анъанаҳо, раванди истиқлолият ва
ваҳдати миллӣ, ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои маъруф, муаррифии
зарфиятҳои иқтисодиву саноатии Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои
алоҳидаи он, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии онро бо сабку
услуби хос инъикос намудаанд.
“Дар баррасии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии
Тоҷикистон ба «сиёсати дарҳои боз», узвияти кишвар дар созмонҳои
байналмилаливу минтақавӣ, бахусус ташаббусҳои глобалии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ
диққати бештар равона гардида, талошҳои Ҳукумати кишвар дар
раванди амалисозии стратегияҳои муҳими кишвар, бахусус татбиқи
«Иқтисоди сабз» шоиста арзёбӣ шудааст.Бо назардошти вазъи
кунунии амнияти минтақа, кушишҳои Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар самти таъмини сулҳу субот ва талошҳои ӯ баҳри
муқовимати дастаҷамъонаи минтақа бар зидди чолишҳои замони
муосир ба таври хос қайд шудаанд”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКХ
Тоҷикистон.
Шакли электронии маҷалларо метавонед бо суроғаи зерин дарёфт
намоед:
www.botschaft-tadschikistan.de/Wostok

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button