УмумӣХабарҳои кӯтоҳ

ВО-АҶАБ! ШУЪБАИ БДА ДАР НОҲИЯИ ВАХШРО ДУЗД ЗАДААСТ(3 АКС)

Пайи ҳам дуздида шудани чорвоҳои мардум аз ҷониби шахсони
номаълум дар ноҳияи Панҷ ва ворид шудани аризаву муроҷиати
шаҳрвандон ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур, масъулияти
кормандони милитсияро барои ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир
намудани гумонбарон дучанд кард.
Гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти хубу
хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия имкон дод, то ҷиноятҳо
ошкор ва гумонбарон дастгир карда шаванд.
Гумонбарони дуздии чорвоҳои сокинон ду нафар аз шаҳрвандони
ноҳияи мазкур Идибеги Ҳабиб, соли тавллудаш 1992 ва Хабилов
Зоҳирҷон, соли таваллудаш 1991 мебошанд.
Ин ду нафар чорвоҳои мардумро бо тариқи пинҳонӣ аз доманакӯҳҳои
ҳудуди ноҳия дуздида, аз ҷои ҳодиса ба макони ба худашон мувофиқ
интиқол дода ва маблағи аз фурӯши чорвои мардум ба даст
овардаашонро ба фоидаи шахсии худ сарф кардаанд.
Гумонбарон дар 12 ҳолати дуздии чорвоҳои мардум даст дошта, зарари

ВО-АҶАБ! ШУЪБАИ БДА ДАР НОҲИЯИ ВАХШРО ДУЗД ЗАДААСТ (3 АКС) — Пойгоҳи хабарии «Бомдод»
https://www.bomdod.com/2021/08/29/oshkor-shudani-chand-holati-duzdi-dar-nohijahoi-panj-va-vahsh-3-aks/ 2/4
расонидаашон ба ҷабрдидагон тақрибан 50 000 сомониро ташкил
медиҳад.
Як ҳолати дигари дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД
дар ноҳияи Вахш ошкор карда шуд.
Рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ шахсони ба тафтишот номаълум бо роҳи
пинҳонӣ ғайриқонунӣ тирезаи нуқтаи ташхиси техникии ШБДА дар
ноҳияи Вахшро шикаста, ворид гардида, аз дохили як адад ҷевони
оҳанин, ки дар дохилаш 3920 сомонӣ ва ҳуҷҷатҳо буданд, тасарруф
намуда ба самти номаълум ғайб мезананд.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ чор нафар
аз сокинони шаҳри Бохтар бо гумони дуздӣ аз ҷониби кормандони
милитсия дастгир карда шуданд.
Инҳо: Таджибаев Набиҷон, соли таваллудаш 1992, Таджибаев Алиҷон,
соли таваллудаш 1994, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии
Тоҷикистон суд шудааст, Абдиев Суннатулло, соли таваллудаш 2002, пеш
бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва
Аҳмадалиев Умеджон, соли таваллудаш 1994, мебошанд, ки ҳангоми
пурсиш номбурдагон оид ба дуздии амволҳои тасарруфгардидаи нуқтаи
ташхисӣ пурра иқрор гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button