УмумӣХабарҳои кӯтоҳ

ТАРКИШ ДАР КОРХОНАИ “НӮШОКИҲОИ ИСКАНДАР” ДАР ДУШАНБЕ


ВКД Тоҷикистон рӯзи 29 август бо нашри як иттилоияи вижа хабар дод,
ки шаби 28-уми августи соли 2021, тақрибан соати 21:30-дақиқа, дар
корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Нӯшокиҳои Искандар», воқеъ дар кӯчаи
Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе компрессор, яъне
дастгоҳи фишордиҳии мазкур таркидааст.
ВКД мегӯяд, дар натиҷаи таркиши дастгоҳи фишордиҳӣ хушбахтона ягон
нафар зарари ҷисмонӣ надидааст

Корхонаи «Нӯшокиҳои Искандар» ба соҳибкор Дониёров
Мирзоискандар Иброҳимович, соли таваллудаш 06.01.1987, сокини
шахри Душанбе тааллуқ дорад.
ВКД гуфт, компрессор дар ин корхона “бинобар сабаби риоя
нагардидани техникаи бехатарӣ таркидааст”.
Тафсилоти дигари ҳодиса дар ҳоли ҳозир дастрас нест

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button