ВидеоМУҲОҶИРОН

НАШРИ ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОН ДАР МАРКАЗИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Дар Интернет видеои лаҳзаи занозании муҳоҷирон дар кӯчаи Бауман
дар маркази пойтахти Русия, шаҳри Маскав нашр шуд. Дар сабт дида
мешавад, ки ду гуруҳи ҷавонон дар кӯча занозанӣ доранд, бо садои
баланд фарёд мекашанд ва дашномҳои қабеҳ низ ба гӯш мерасанд.
Пулиси Маскав хабар дод, ки дар пайи ин занозанӣ 49 нафарро ба
шуъбаи пулис оварда, нисбат ба 15 нафари онҳо прокотолҳои маъмурӣ
тартиб доданд. Бо 34 нафари боқимонда суҳбатҳои профилактикӣ
анҷом додаанд

Дар бораи осеб дидани касе дар занозании ахир ҳанӯз иттилое ба даст
нарасидааст.
Пулис гуфт, тафтиши ҳодиса идома дорад ва бар асоси натиҷаҳои он,
дар мавриди иштирокчиёни занозанӣ дар кӯчаи Бауман чораҳои қонунӣ
андешида хоҳанд шуд.
Мақомоти Русия вақтҳои охир муҳоҷиронро барои иштирок дар
занозаниҳои гуруҳӣ аз ин кишвар ихроҷ ва ба муддати тӯлонӣ, ҳатто
барои 40 сол аз ҳаққи бозгашт маҳрум мекунанд.

Тайи ду рӯзи охир дар шаҳри Маскав боз ду занозании гуруҳӣ бо
иштироки муҳоҷирон рӯй дод.
Як рӯз қабл аз занозанӣ дар кӯчаи Бауман, рӯзи 26 август пулиси Маскав
беш аз 20 муҳоҷирро барои занозанӣ дар як ҳостел дар кӯчаи адмирал
Корнилов дар Новая Москва дастгир кард. Бино ба иттилои пулис,
нисбат ба 7 нафар бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва нисбат ба 5 тани дигар
барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират протоколи маъмурӣ тартиб
дода, ҳамаи онҳоро барои 12 рӯз ба ҳабс гирифтаанд. Ҳоло масъалаи
депортатсияи 5 нафар дар дасти баррасӣ қарор доштааст

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин рӯзи 28 август дар блоги худ бо як
лаҳни тунд дар бораи муҳоҷироне, ки даст ба қонуншиканиҳо ва
занозанӣ мезананд, изҳори назар кард ва навишт: “Ин хел мумкин
нест. Моро аз чунин меҳмонҳо хуш намеояд.”
Собянин хабар дод, ки дар моҳҳои охир пулис ба зидди муҳоҷирон як
силсила рейдҳои шадид анҷом дод ва дар натиҷа, нисбат ба муҳоҷирон

800 парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ҳудуди 200 нафарро за Русия
депортатсия кардаанд ва 17,5 ҳазор нафари дигарро аз ҳаққи вуруд ба
Русия маҳрум кардаанд.
“Шояд барои касе ин аз ҳад сангин намояд. Вале дар оянда ҳам чунин
хоҳад буд. Маскав шаҳри меҳмоннавоз аст. Вале хоҳиш мекунем, ки
дар меҳмонӣ ба таври шоиста рафтор кунед “, – хитоб кардааст
Собянин ба меҳмонони пойтахти Русия.
ВКД Русия низ қаблан ҳушдор дода буд, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро
барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз
қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи вуруд маҳрум хоҳанд кард.
Бино ба гузоришҳо, 46 иштирокчиии занозании шаби 12 июл дар назди
истгоҳи метрои “Кузминки” дар пайи ихроҷашон барои 40 сол аз ҳаққи
бозгашт ба Русия маҳрум карда шудаанд. Пулиси Маскав гуфт, дар
маҷмӯъ бояд 87 иштирокчии он занозанӣ аз Русия пеш карда шаванд

7 МИГРАНТОВ АРЕСТОВАНЫ ЗА УЧАСТИЕ В МАССОВОЙ ДРАКЕ В НОВОЙ МОСКВЕ

«В дежурную часть МО МВД России «Коммунарский» г. Москвы поступило сообщение о том, что в хостеле на улице Адмирала Корнилова происходит нарушение общественного порядка. Между неизвестными гражданами возник конфликт, переросший в потасовку», – сообщил начальник УИиОС ГУ МВД России по г. Москве полковник внутренней службы Владимир Васенин.
Прибывшими на место полицейскими нарушение общественного порядка было пресечено. В МО МВД России «Коммунарский» для разбирательства доставлено более 20 человек.

В отношении семи граждан составлены протоколы об административном правонарушении по части 1 статьи 20.1 КоАП РФ «Мелкое хулиганство», из которых на пятерых также составлены административные протоколы по части 3.1 статьи 18.8 КоАП РФ «Нарушение иностранным гражданином или лицом без гражданства правил въезда в РФ либо режима пребывания (проживания) в Российской Федерации».

Нарушителям судебным органом вынесено решение об административном аресте сроком на 12 суток. Кроме того, решается вопрос о вынесении решения в отношении пятерых граждан о неразрешении въезда в Российскую Федерацию и об их депортации.

Задержанные помещены в Центр временного содержания иностранных граждан ГУ МВД России по г. Москве.

На остальных доставленных граждан составлены административные протоколы по статье 3.18.1 КоАП г. Москвы «Нарушение требований нормативных правовых актов города Москвы, направленных на введение и обеспечение режима повышенной готовности на территории города Москвы».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button