ВидеоМУҲОҶИРОН

БОЗ ДУ ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОН ДАР МАСКАВ: 7 КАС ҲАБС ШУД, 5 КАС – ДЕПОРТАТСИЯ (ВИДЕО)

Тайи ду рӯзи охир дар шаҳри Маскав боз ду занозании гуруҳӣ бо
иштироки муҳоҷирон рӯй дод.
Бино ба иттилои пулис, шоми 27 август, муҳоҷирон дар кӯчаи Бауман
дар маркази Маскав аз гиребони якдигар гирифтаанд. Онҳо то омадани
пулис аз ҷои ҳодиса фирор карданд, вале лаҳзаи занозанӣ ба дурбини
камераҳои назоратӣ афтодааст. Пулис 12 шаҳрванди Қирғизистон, як
шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир
кардааст

Рӯзи 26 август пулиси Маскав беш аз 20 муҳоҷирро барои занозанӣ дар
як ҳостел дар кӯчаи адмирал Корнилов дар Новая Москва дастгир
карданд. Бино ба иттилои пулис, нисбат ба 7 нафар бо иттиҳоми
майдаавбошӣ ва нисбат ба 5 тани дигар барои вайрон кардани
қоидаҳои муҳоҷират протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҳамаи онҳоро
барои 12 рӯз ба ҳабс гирифтаанд. Ҳоло масъалаи депортатсияи 5 нафар
дар дасти баррасӣ қарор доштааст.
Рӯзи 28 август шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хабар дод, ки барои
вайрон кардани тартибот ҳудуди 200 муҳоҷир аз кишварҳои СНГ аз
Маскав ихроҷ шуда, тақрибан 17,5 ҳазор муҳоҷири дигар аз ҳаққи
бозгашт ба Русия маҳрум карда шудаанд. Собянин гуфт, ин ихроҷҳо бо
занозаниҳои оммавии байни муҳоҷирон, ки вақтҳои охир дар Маскав
зиёд шудаанд, робита доранд.
Дар чанд ҳафтаи охир дар чанд шаҳру вилояти Русия занозаниҳои
гуруҳӣ байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо рӯй дод, ки нигаронии
ҷиддии мақомоти Русияро ба бор овардааст. ВКД Русия ҳушдор дод, ки
аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ
бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи
вуруд маҳрум хоҳанд кард

7 МИГРАНТОВ АРЕСТОВАНЫ ЗА УЧАСТИЕ В МАССОВОЙ ДРАКЕ В НОВОЙ МОСКВЕ

«В дежурную часть МО МВД России «Коммунарский» г. Москвы поступило сообщение о том, что в хостеле на улице Адмирала Корнилова происходит нарушение общественного порядка. Между неизвестными гражданами возник конфликт, переросший в потасовку», – сообщил начальник УИиОС ГУ МВД России по г. Москве полковник внутренней службы Владимир Васенин.
Прибывшими на место полицейскими нарушение общественного порядка было пресечено. В МО МВД России «Коммунарский» для разбирательства доставлено более 20 человек.

В отношении семи граждан составлены протоколы об административном правонарушении по части 1 статьи 20.1 КоАП РФ «Мелкое хулиганство», из которых на пятерых также составлены административные протоколы по части 3.1 статьи 18.8 КоАП РФ «Нарушение иностранным гражданином или лицом без гражданства правил въезда в РФ либо режима пребывания (проживания) в Российской Федерации».

Нарушителям судебным органом вынесено решение об административном аресте сроком на 12 суток. Кроме того, решается вопрос о вынесении решения в отношении пятерых граждан о неразрешении въезда в Российскую Федерацию и об их депортации.

Задержанные помещены в Центр временного содержания иностранных граждан ГУ МВД России по г. Москве.

На остальных доставленных граждан составлены административные протоколы по статье 3.18.1 КоАП г. Москвы «Нарушение требований нормативных правовых актов города Москвы, направленных на введение и обеспечение режима повышенной готовности на территории города Москвы».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button