ВидеоМинтақа ва Ҷаҳон

ТАРКИШИ ХУНИН ДАР ФУРУДГОҲИКОБУЛ (ВИДЕО)

Рӯзи 26 август бар асари таркиши сангин дар фурудгоҳи Кобул, пойтахти
Афғонистон, дастикам 13 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 60 тани дигар
захмӣ шуданд.
Сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби тасдиқ кард, ки дар ин таркиш чанд
ходими амрикоӣ низ кушта ва чанди дигар захмӣ шудаанд.Ӯ рақами
мушаххасе наовард, вале расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки дастикам
4 маллоҳи амрикоӣ кушта шудаанд

Як мақоми амрикоӣ ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ба эҳтимоли ғолиб,
ин ҳамла кори дасти ҷангиёни ДОИШ аст.
Вале ҳамла дар фурудгоҳи Кобул, ки бузургтарин ҳамла дар 11 рӯзи
таҳти назорати Толибон қарор гирифтани пойтахти Афғонистон
мебошад, дар ҳоле сурат гирифт, ки бино ба хабарҳо, ихтилоф байни
ҷиноҳҳои гуногуни Толибон дар масъалаи тақсими қудрат шиддат
гирифтааст.
Ин ҳамла ҳамчунин дар ҳоле буд, ки кӯчондани афроди марбут ба
эътилофи байналмилалӣ ва аҳли хонаводаҳои онҳо аз Кобул идома
дорад. То рӯзи 26 август асосан тавассути ҳавопаймоҳои Амрико аз
Кобул тақрибан 90 ҳазор нафарро берун бурданд, вале тақрибан 10
ҳазор нафари дигар ҳамчунон дар фурудгоҳи Кобул мунтазиранд, ки оё
онҳоро кай берун хоҳанд бурд? Амалиёти кӯчондан, қарор аст, то 31
август давом кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button