ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ТАҚДИМИ РУТБАҲОИ ГЕНЕРАЛӢ БА 37 НАФАР, АЗ ҶУМЛА БА НАХУСТИН ГЕНЕРАЛЗАНИ ТОҶИК

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 август дар Қасри
миллат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба даҳҳо нафар аз роҳбарону намояндагони мақомоти
қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар барои натиҷаҳои назаррас
дар фаъолияти кориашон ордену медалҳо ва рутбаҳои генералӣ эъто
кард. Аз ҷумла бо фармони президент “Дар бораи додани рутбаҳои
навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус” ба 37 нафар
роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии
кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-полковники милитсия”,
“генерал-лейтенанти адлия”, “генерал-майори адлия”, “генераллейтенант”, “генерал-майор”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии
адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майори
хизмати дохилӣ” ва “генерал-майори хадамоти гумрук”, супорида
шудааст.
Дар байни онҳое ки рутбаи нави генералӣ гирифтанд, Мурод Саидов,
сармуҳофизи президенти Тоҷикистон низ буд.

Парвина Гулова, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар
дод, ки рӯзи 25 август сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ
Саидвализода Барно Саиднабӣ нахустин зани тоҷик шуд, ки ба рутбаи
генерал-майори милитсия мушарраф гардид.
Бино ба иттилои Парвина Гулова 5 тан аз роҳбарони баландпояи ВКД
низ сазовори унвони генерал-майори милитсия шуданд. Аз ҷумла
Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои
муташаккилонаи ВКД (УБОП) рӯзи 25 август, дар зодрӯзи 40-умаш
сазовори унвони генералӣ шудааст. Шодӣ Ҳафиззода 25 августи соли
1981 ба дунё омада, аз соли 2017 роҳбари УБОП-ро дар даст дорад.
Генерал Ҳафиззодаро яке аз номзадҳо ба мақоми вазири корҳои дохилӣ
баъди Рамазон Раҳимзода ном мебаранд ва дарёфти рутбаи генералӣ
шансҳои ӯро барои мақоми вазирӣ тақвият медиҳанд. Ӯ то кунун дар
байни номзадҳои дигар ба ин мақом ягона нафаре буд, ки рутбаи
генералӣ надошт.
Парвина Гулова хабар дод, ки ҳамин тавр, рӯзи 25 август боз 4
мансабдори баландпояи ВКД аз дасти президент Эмомалӣ Раҳмон
рутбаи генералӣ гирифтаанд:
муовини вазири корҳои дохилӣ Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким
сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Умарзода
Бахтиёр
сардори хадамоти “Муҳофиза” Ализода Анварҷон Ҷума
муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди
ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 25 август
ҳамин тавр, 18 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи
1, 5 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 10 нафар бо ордени Шараф
дараҷаи 2, 13 нафар бо медали Ҷасорат, 14 нафар бо медали Хизмати
шоиста, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 4 нафар бо
унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардонда
шуданд.

ТАҚДИМИ РУТБАҲОИ ГЕНЕРАЛӢ БА 37 НАФАР, АЗ ҶУМЛА БА НАХУСТИН ГЕНЕРАЛЗАНИ ТОҶИК (119 АКС) — Пойгоҳи хаб…
https://www.bomdod.com/2021/08/25/taqdimi-rutbahoi-generali-ba-37-nafar-az-jumla-ba-nahustin-generalzani-tojik-119-aks/ 4/11
Album Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 25.08.2021
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
20 ч. назад
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
25.08.2021
http://www.president.tj/node/26365
25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи
ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону
намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар
фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button