ВидеоҶомеа

ТАФСИЛОТИ ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ КӮДАКИ НӮҲСОЛА ДАР БАРНОМАИ “АХБОРИ ВКД” (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шумораи навбатии барномаи
телевизионии “Ахбори ВКД” тафсилоти ҷинояти таҷовуз ва куштори
бераҳамони як кӯдаки нӯҳсола дар ноҳияи Хуросон ва исму аксу видео
ва баёноти нафареро, ки дар ин ҷинояти нангин айбдор мешавад, нашр
кард.
Бино ба гузориши Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон, рӯзи
16 август, тақрибан соати 14, як духтари ноболиғи нӯҳсола дар деҳаи
Меҳнати ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз хона баромада, бедарак
шуд. Талошҳои хешу табор ва ҳамсояҳо барои пайдо кардани ин кӯдак
натиҷа намедиҳанд ва волидони ӯ ба мақомоти милитсия муроҷиат
кардаанд

Кормандони милитсяи ҷасади кӯдакро бо аломатҳои марги маҷбурӣ 300
метр дуртар аз хонаи онҳо аз даруни ҷӯйбор пайдо карданд. Дар як
муддати кӯтоҳ сокини ҳамин ҷамоати Ҳилолӣ Рустам Болтахонов бо
гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир шуд. Болтахонов, с.т. 1976,
қаблан дар Русия бар асоси моддаи 105 барои одамкушӣ 7 сол суд шуда
буд.
Ба гуфтаи Офоқ Қодириён, дар ҷараёни бозпурсиҳо маълум шуд, ки
Рустам Болтахонов рӯзи 16 август духтарчаи ҳамсояро, ки дар кӯча бозӣ
мекард, бо ваъдаи дар телефони мобилаш тамошо додани филмҳо ба
хонаи худ овардааст ва дидаю дониста, нисбат ба ин кӯдаки яқинан
хурдсол, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт ва аз худ ҳимоят карда
наметавонист, ҳаракатҳои бади шаҳвонӣ анҷом додааст. Баъд
Болтахонов бо мақсади пӯшондани изи ҷинояти худ, кӯдакро ба саҳни
ҳавлиаш бароварда, ӯро аз ноҳияи гулӯяш буғӣ мекунад ва бо ҳамин
роҳ ба қатл мерасонад.
Болтахонов сипас ҷасади кӯдакро як муддат дар дохили буттаҳо дар
ҳавлияш пинҳон карда, баъдан бо истифода аз набудани одамон,
ҷасадро аз ҳавлӣ бароварда, ба ҷӯйбор партофтааст.
Худи Рустам Болтахонов сабаби даст ба қатли кӯдак заданашро дар ин
гузориш чунин шарҳ дод: “Вай гуфт, ки ба очаам хабар медиҳам. Баъди
ин дар ман фикри куштани ӯ пайдо шуд. Баъд гирифтам ва бо дастам
ҷуқидам, буғӣ кардамаш. Баъди чанд вақт кӯдакро гирифтам, аз пеши
дарвозаам ҷӯйбори бетонӣ мегузашт, овардам, кӯдакро дар лоток
партофтам…”
Ҳоло ба зидди Болтахонов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 138,
қисми 3 (таҷовуз ба номуси кӯдаки хурдсол) ва 104, қисми 2 (куштори
ноболиғ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба Болтахонов бар асоси ин

ду банди қонун ҳукми зиндони умрбод таҳдид мекунад. Ва онҳо танҳо
барои он ки дар Тоҷикистон судур ва иҷрои ҳукми қатл аз соли 2004 ба
ин тараф таҳти мораторий қарор дорад.
Вақтҳои охир, дар пасманзари зиёд шудани хабари таҷовузи кӯдакони
хурдсол, шумори ҳарчӣ бештари сокинони Тоҷикистон талаб доранд, ки
ҳукми қатлро нисбат ба чунин ҷинояткороне, ки ба номуси кӯдакони
хурдсол мерасанд, барқарор кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button