ВидеоМинтақа ва Ҷаҳон

НАХУСТИН МУЗОКИРОТИ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТ БО ТОЛИБОН (ВИДЕО)

Рӯзи 25 август дар шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон
нахустин музокироти байни намояндагони ҷабҳаи муқовимат ва
ҳаракати Толибон доир шудааст. Чоряккор ҳоло зери назорати
Толибон қарор дорад. Бино ба иттилои хабаргузории русии
“Спутник”, дар ин мулоқот 12 нафар аз ҷониби ҷабҳаи муқовимат, аз
ҷумла раиси ҳайати тими Ҷабҳа Ҳоҷӣ Алмоси Зоҳид, собиқ мушовири
раисҷумҳури Афғонистон, як муовинаш фармондеҳ Пирмуҳаммади
Хоксор, аз қавми ӯзбеки Тахор ва муовини дигарашон
Муҳаммадрофеъ, аз қавми паштун, собиқ раиси Шӯрои вилоятии
Фароҳ, муншӣ Муҳаммадаълами Эзидёр, собиқ сенатор ва 7 нафар аз
тарафи Толибон, бо шумули Амирхон Муттақӣ, собиқ муовини вазири
фарҳанг, Нуриддин Туробӣ, собиқ вазири адлия, Мавлавӣ Муҳсин,
муовини раиси истихбороти Толибон иштирок кардаанд. Намояндаи
ҷабҳа гуфт, суҳбат сари ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон
мерафт, ки ҳама розӣ бошанд. Аҳмад Масъуд, фармондеҳи ҷабҳаи
муқовимат қаблан дар мусоҳиба бо ББС хабари музокироти онҳо бо
ҳайъати Толибон ба раҳбарии Амирхон Муттақиро тасдиқ кард, вале
сарусадоҳои бархоста дар бораи гӯё ба Толибон байъат супурдани

худро рад кард ва гуфт, “сухан дар бораи байъат намерафт. Мавзи
суҳбатҳо шеваи ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон ва
низоми ояндаи кишвар буд.”
Вилояти Панҷшер, ки тарафдорони ҷабҳаи муқовимат онҷо ҷамъ
шудаанд, ягона вилоят аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки хориҷ аз
назорати Толибон боқӣ мемонад.

Ҳайатҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва таҳрики
Толибон* бори аввал сари мизи музокирот нишастанд
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Ин мулоқот бегоҳи дирӯз, 25 август, дар
шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон, баргузор шуд, ки дар ҳоли
ҳозир таҳти султаи Толибон аст.
Як узви ҳайати Ҷабҳаи муқовимат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳайати
Ҷабҳа аз 12 ва ҳайати Толибон* аз 7 нафар иборат буд.
“Тавофуқ кардем, ки ду тараф болои мавозеъи якдигар ҳамлаи
низомӣ накунанд ва авлавият бар гуфтугуҳои сулҳ дода шавад”, – гуфт
ӯ.
Бино ба иттилои ин манбаъ, раиси ҳайати тими Ҷабҳа Ҳоҷӣ Алмоси
Зоҳид, собиқ мушовири раисҷумҳури Афғонистон, як муовинаш
фармондеҳ Пирмуҳаммади Хоксор, аз қавми ӯзбеки Тахор ва муовини
дигарашон Муҳаммадрофеъ, аз қавми паштун, собиқ раиси Шӯрои

вилоятии Фароҳ, муншӣ Муҳаммадаълами Эзидёр, собиқ сенатори
Маҷлиси санои Афғонистон будаанд.
“Муҳимтарин афроди “Толибон” Амирхон Муттақӣ, собиқ муовини
вазири фарҳанг, Нуриддин Туробӣ, собиқ вазири адлия, Мавлавӣ
Муҳсин, муовини раиси истихбороти Толибон* (ахирӣ аз вилояти
Тахор), ба ҳисоб мерафтанд”, – гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ин узви ҳайати Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ҳайати Ҷабҳа
мехост бештар дар бораи ҳалли мушкили Афғонистон суҳбат кунад,
аммо Толибон* суҳбатро ба сӯи Панҷшер мекашиданд.
“Мо қиссаи Афғонистонро мегуфтем, ки чӣ тур як ҳукумате ҷӯр
шавад, то ҳама розӣ бошанд, дунё онро қабул кунад ва ба расмият
бишносад. Аммо онҳо таъкид ба он мекарданд, ки роҷеъ ба Панҷшер
суҳбат шавад, маҳз ин ки Толибон* чӣ кор кунанд, то Ҷабҳаи
муқовимат низ ба ҳукуматашон пайвандад. Нуқтаи ихтилоф фақат
ҳамин буд. Ҳоло боз машвараву музокира хоҳем кард”, – гуфт манбаъ.
Қаблан дар бораи чандин тамосҳои телефонӣ миёни раҳбарони
Панҷшер ва Толибон* ба забони расонаҳо афтода буд.
Тавофуқ сари музокироти сулҳ дар суҳбати телефонии Аҳмади Масъуд,
раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Амирхон Муттақӣ,
яке аз раҳбарони аршади Толибон* як рӯзи қабл ҳосил шуд.
Панҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки иморати исломии Толибон*
– ро напазируфта, аз низоми ҷумҳурӣ ҳимоят мекунад. Бақия 33 вилояти
Афғонистон таҳти султаи ин ҳаракат мебошанд.

https://www.facebook.com/watch/?ref=external&v=256079846362982

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button