Минтақа ва ҶаҳонСиёсат

ШАРТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ТОЛИБОН: ТОҶИКҲО ДАР ҲУКУМАТИ АФҒОНИСТОН БОЯД ҶОЙГОҲИ ШОИСТА ДОШТА БОШАНД!

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири покистонӣ хостори вуруди тоҷикони Афғонистон ба ҳукумати нав шуда, таъкид намуд, ки тоҷикон зиёда 46 дарсади мардуми ин кишваранд. Ӯ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро пешниҳод карда, шартҳои Тоҷикистонро баён дошт Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, вазири умури хориҷии Покистон ояндаи Афғонистон ва ташкили ҳукумати ин кишварро баррасӣ кард.Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот зикр шудааст, ки вазъи Афғонистон яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ мебошад ва ин кишвар имрӯз дар остонаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор дорад.

«Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон* аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд», — таъкид шудаст дар мулоқоти Раҳмон бо Қурейшӣ.Раисиҷумҳур афзудааст, ки Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудаст, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.Ҷониби Тоҷикистон зарур хондааст, ки сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

«Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард», — таъкид шудааст дар мулоқоти Раҳмон бо Қурайшӣ.Инчунин таъкид гардидаст, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад.Ҳушдор дода шудааст, ки беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афгонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад.Раисиҷумҳур афзудааст, ки Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.Вазири Покистон ба Душанбе меояд: Ӯ даъват ба музокира бо Толибон* дорадДирӯз, 12:24699Дар асоси таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди роҳҳои таъмини сулҳу субот ва рушди муътадили минбаъдаи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои худро ба ҷониби Покистон расонид.Вазири умури хориҷии Покистон, ки феълан дар Душанбе қарор дорад, қаблан изҳор дошта буд, ки ба кишварҳои минтақа сафар мекунад ва даъват кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон* вориди музокирот шаванд.* — созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button