Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СЕ СОКИНИ ҚУБОДИЁН ДАР ЯК САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ТАХТИ САНГИН

Рӯзи 20-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:10-дақиқа, ронандаи
автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ғаниев Ғаниҷон Ғафурович, соли
таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи
Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Тахти
Сангини ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст ва дар
натиҷа, мошини ӯ ба канори роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Ғаниев Ғ.Ғ ва мусофираш Аскаров Анвар
Толпиолиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти 20-
солагии Истиқлол, ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ
бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигар
Ортиқов Нодир Раҳимович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати
мазкур ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон
бохтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба
ҳалокати расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button