КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

САРМУҲОСИБ ВА СЕ МУҲОСИБИ ДОНИШКАДАИ САНЪАТ БА ТАСАРРУФИ БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ АЙБДОР МЕШАВАНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши
пешакӣ ва ба додгоҳ супурдани парвандаи ҷиноятии сармуҳосиб ва се
муҳосиби Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо
Турсунзода хабар дод. Онҳо бар асоси моддаҳои 245, қисми 4 ва 323
Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба аз они худ кардани маблағҳо ва
сохтакории хизматӣ айбдор мешаванд.
Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин
парванда гуфт, масъулони бахши муҳосибаи донишкада дар маҷмӯъ бо
роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо беш аз як миллион сомониро аз они худ
кардаанд.

“Ҳотамова Нодира Азимджановна дар вазифаи сармуҳосиби
Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва
санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» кор карда, дар асоси
маслиҳати пешакӣ бо муҳосибони донишкадаи мазкур Каримова Ф.
А., Абдуллоев М. Р. ва Боймуратова Р.Ф. ҷинояти азонихудкунӣ ва
сохтакории хизматиро содир кардаанд. Чунончӣ, номбурагон бо
истифодаи мақоми хизматӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои
2019-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии
1079370,77 сомониро тасарруф намудаанд”, – гуфта мешавад дар
иттилоияи Агентӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button