Номаҳо ба президентФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

АТО МИРХОҶА: МАН АДОЛАТ ТАЛАБ КАРДААМ, НА МУКОФОТ Ё УНВОН

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
дар посух ба мавҷи вокунишҳое, ки номаи саркушодааш ба Озода
Раҳмон ба бор овард, навишт, ки бархе он номаро чунин қабул
карданд, ки “гӯë ман барои худ унвон талаб карда бошам.” Ато
Мирхоҷа ба раиси дастгоҳи президент навишта буд, ки аз соли 2013
ба ин тараф алакай се маротиба аст, ки номзадии ӯ барои дарёфти
унвони Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон пешбарӣ мешавад,
вале ҳар се дафъа дар дастгоҳи президент номи ӯро аз рӯйхатти
унвонгирҳо хат мезананд. Ато Мирхоҷа аз Озода Раҳмон пурсида буд,
ки “дар назди Ҳукумат муртакиби чӣ гуноҳи кабирае шудаам, ки маро
сазовори унвону мукофот намебинад?”
Ато Мирхоҷа дар шарҳи наваш ба мавзӯъ навиштааст, ки ӯро се
маротиба ҳамқаламонаш аз Иттифоқи нависандагон барои дарёфти
унвон пешбарӣ карда буданд, вагарна “Худо шоҳид ки ман боре ҳам
аз ҳукумат на мукофот талаб кардаам на унвон.”

Ато Мирходжа
МАН АДОЛАТ ТАЛАБ КАРДААМ НА МУКОФОТ
Номаи банда ба унвони роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дар
байни хонандагон чунин суитафоҳум эҷод намуд ки гӯë ман барои худ
унвон талаб карда бошам.
Барои равшанӣ андохтан ба ин мавзуъ лозим донистам ки матлабро аз
ин лиҳоз шарҳ бидиҳам.
Унвонро барои худ ман талаб накардаам. Аслан дар пайи он ҳам
набудаам.
Аммо бори нахуст дар соли 2013 (он замон ҳануз дар Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон кор намекардам) бо пешниҳоди шоир устод
Муҳаммад Ғоиб маро ба ин унвон пешниҳод карданд. Он замон раëсати
ИН аз 19 нафар иборат буд аз ҷумла Меҳмон Бахтӣ Гулназар Гулрухсор
Абдулҳамид Самад Аскар Ҳаким Кароматулло Мирзоев Камол Насрулло
Абдураҳмон Абдуманнонов барин адибони саршиноси ҷумҳурӣ.
Номзадиам аз комиссияи мукофотҳо пас гашт . Ҳоло ҳам намедонам
барои чӣ?
Дар ин миëн маро Пленуми ИН муовини аввали раиси ИН интихоб кард
ва соли 2019 боз ҳам Раëсати ИНТ иборат аз 19 нафар адибони
шинохтаи кишвар маро ба унвони нависандаи халқӣ пешниҳод
намуданд. Ин бор ҳам комиссияи мукофотҳо бе ягон шарҳи сабаб
ҳуҷҷатҳоямро пас гардонд.

Дигар андешаи мукофотро аз сар дур кардам. Аммо соли 2021 раиси ИН
бо ба эътибор гирифтани романи сеҷилдаи ман Сарои санг ки дар
Анҷумани нависандагон баҳои баланд гирифт бо исрору пофишорӣ
маро ба унвони боз ҳам нависандаи халқӣ пешниҳод намуд. Худи раис
ва дустонам шоҳиданд ки ман гуфтам ин кор беҳудаа аст аздусар ба ман
намедиҳанд. Аммо раëсати ИН иборат аз 15 нафар нависандаву
шоирони номвар якдилона номзадиамро дастгирӣ карданд. Аммо ин
бор ҳам қарори раëсат ягон асаре ба комиссияи мукофотҳо накард.
Худо шоҳид ки ман боре ҳам аз ҳукумат на мукофот талаб кардаам на
унвон.

МАН АДОЛАТ ТАЛАБ КАРДААМ НА
МУКОФОТ
Номаи банда ба унвони роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дар байни
хонандагон чунин суитафоҳум эҷод намуд ки гӯë ман барои худ унвон талаб
карда бошам.
Барои равшанӣ андохтан ба ин мавзуъ лозим донистам ки матлабро аз ин
лиҳоз шарҳ бидиҳам..

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button