Хабарҳои кӯтоҳ

КҲФ: ЭҲТИЁТ КУНЕД, ХАТАРИ СЕЛУ САНГРЕЗИШ ТО 24 АВГУСТ БОҚӢ МЕМОНАД!


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти
Агентии ҳавошиносӣ хабар дод, ки то 24 августи соли 2021 дар як
қатор ноҳияҳои кӯҳистонии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва қисмати
ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо
вуҷуд дорад. Омадани сел аз пиряхҳо метавонад боиси сангрезиш дар
қисматҳои кӯҳистонии роҳҳо шавад.
Дар ин иртибот КҲФ аз аҳолӣ ва меҳмонони навоҳии кӯҳистонӣ хост, ки
дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат дар ин минтақаҳо хеле эҳтиёт кунанд. Аз
мардум хоста шудааст, ки бахусус ҳангоми ҷамъоварии ҳезум,
чаронидани чорво адр чарогоҳҳои кӯҳистонӣ, кӯҳгардӣ, моҳигирӣ ва
шикор ҳадалимкон эҳтиёт кунанд.

Ҳамин тавр, аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар
роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез ҷиддан қоидаҳои ҳаракати роҳро
риоя намоянд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button