Минтақа ва ҶаҳонНуқтаи назарХабарҳои кӯтоҳ

ҲДТ ТОЛИБОНРО БА ГЕНОТСИДИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН АЙБДОР КАРД

Ҳизби демократи Тоҷикистон дар як изҳороти вижа аз Созмони
Милал хост, то рафтори Толибонро дар қиболи мардуми тоҷик ва
форсизабони Афғонистон чун ҳаракати наслкушӣ (геносид) эътироф
кунад. Ин ҳизб ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки барои
гурезаҳои афғон тамоми шароити лозим барои паноҳандагиро
муҳайё сохта, “дари сафоратхонаҳои Покистон ва Қатарро ки бо
низоми бешарафи Толибон ҳамкорӣ доранд бибандад. Ҳамчунин ба
ҳукуматҳое, ки ин низоми терористиро эътироф мекунанд, эътироз
баён карда шавад.” Ба ақидаи демократҳои тоҷик, “низоми Толибон
як ҳаракати бенизом, як неруи ваҳшатафкан ва қотил аст, ки аз сӯйи
давлатҳои ғаразхоҳ ба саҳнаи ҷанги Афғонистон ворид карда
шудааст. Ин тартиби ҳукуматдорӣ торафт дар ин кишвар реша
медавонад ва мардуми тоҷиктабори Афғонистон аз хонаву дар,
забону фарҳанг ва ватан маҳрум мешавад.”
ИЗҲОРОТИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Таҳаввулоти вазъияти сиёсии Афғонистон дар чанд рӯзи ахир нигаронии
ҷомеаи ҷаҳон, мардуми рушанфикр, ба хусус сокинони кишвари моро
ба вуҷуд овардааст. Гурӯҳи фурсатталаби террористони байналмилалии
Толибон бо пуштибонии давлатҳои манфиатҷӯ низоми давлатиро дар
Афғонистон барҳам зада ҳукумати ин кишварро ба даст гирифтанд.
Амалҳои харобкоронаи ин гурӯҳи беҳуввият, бесаробон ва ифротӣ дар
чанд сол барои мардуми ҷаҳон аён аст.
Барои мо мардуми Тоҷикистон тохтутоз ва куштору вайронкориҳои
Толибон хеле ғамангез аст, зеро дар қаламрави ин мамлакат мардуми
мо ҳамзабонон ва ҳаммилатони мо аксари аҳолиро ташкил мекунанд.
Фаромӯш набояд кард, ки ин кишвар сарзамини таърихии миллати мост.
Тавре дида мешавад, ин гурӯҳи даҳшатбор замину манзил, шаҳру деҳоти
тоҷикнишинро дар чанд соли охир ба харобию нестӣ расонданд.
Имрӯзҳо амалҳои ваҳшиёна ва хонахароби ин гурӯҳ махсусан дар
маҳалоти тоҷикнишин ба сатҳи наслкушӣ расидааст. Онҳо духтарони
ноболиғро аз бағали модаронашон рабуда, мардонро мекушанд ва
занони онҳоро таҷовуз мекунанд, ҷавонони бегуноҳро ба баҳонаҳои
гӯшношунид қатор монда, бераҳмона қатл мекунанд, ки анқариб ҳамаи
онҳо мардуми миллати мо ҳастанд. Толибон, ки намояндагони қавмҳои
фарҳангситези паштун ҳастанд, мардуми тоҷикзабонро дар Афғонистон
барои надонистани забони пашту бераҳмона мекушанд ва мардуми
ваҳшитабиати худро дар сарзаминҳои азалии мардуми тоҷик ҷойнишин
мекунанд.
Силоҳдорони хунхори Толибон шаҳру деҳоти Афғонистонро зӯран ба
итоати худ дароварда ҳукумати ваҳшиёнаро ба вуҷуд овардаанд. Танҳо
дар муддати се-чор рӯзи ахир мардуми зиёди ин кишвар роҳи гурезро
пеш гирифта ба кишварҳои дигар паноҳ мебаранд. Дар як қатор шаҳрҳо
мардум ба эътирози зидди Толибон мебароянд ва аз сӯйи онҳо
бераҳмона тирборон мешаванд

Ҳайратовар аст, ки дар баробари ин ҳама рафторҳои золимонаи
зиддибашарӣ, наслкушӣ ва ваҳшигарии Толибон Созмони Милали
Муттаҳид, созмонҳои ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ, давлатҳое, ки худро ҳомии
демократия ва низоми мардумсолорӣ медонанд, комилан хомӯшанд.
Мисли ин ки ҳамаи онҳо ҳамоҳанги ин разолати бузурги ҷаҳон ҳастанд
Дар миёни ин ҳама бадиҳову ваҳшоният танҳо неруе, ки дар муқобили
онҳо қарор гирифтааст, Ҷабҳаи Шимол – Иттиҳоди эҷокардаи Аҳмадшоҳ
Масъуд аст, ки неруҳои ватандӯст бо роҳбарии писари ин қаҳрамони
номдор Аҳмади Масъуд роҳбарӣ мешавад. Боиси хушҳолист, ки ин
нерӯи созанда чанд шаҳру деҳа, се вилояти кишварашро аз вуҷуди
Толибон озод кардааст.
Мардуми шарафманду тамаддунофари тоҷики Афғонистон, бидонед, ки
шумо мардуми мо, миллати мо, бародарони мо ҳастед ва тавре
Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Тоҷикистон хонаи умеди
ҳама тоҷикони дунёст”. Мо шуморо танҳо намегузорем ва як бурда
нонамонро бо шумо тақсим мекунему дар ҳама ҳолат Шумоёнро
дастгири хоҳем кард !
Ҳизби демократи Тоҷикистон чун неруи меросдори низоми
мардумсолору пуштибони ормонҳои волои инсонӣ, ба хотири
пуштибонӣ ва дифоъи мардуми азияткашидаи тоҷик дар Афғонистон
изҳор медорад:

  1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири
    пуштибонӣ ва ҳимояти мардуми миллатамон барои ҳамаи гурезагони
    Афғонистон, ки ба кишвари мо рӯйи ниёз овардаанд, шароити лозим
    муҳаё кунад ва ҳама гуна корҳои раводид, таҳияи аснод ва дигар
    шароитҳоро бепул барои онҳо иҷро кунад.
  2. Масъулони Кумитаи Амнияти миллӣ, вазоратҳои дохила ва ҳуқуқи
    ҷумҳурӣ барои гурезагони Афғонистон шароити беҳтар, муносибати
    бародарона ва шоистаро ба роҳ монанд.
  3. Масъулони корҳои амният ва гумрук дар марзҳои Тоҷикистон барои
    гурезаҳои Афғонистон шароити муносиб ва шоиста муҳаё карда, бо
    онҳо муносибати самимона ва дӯстонаро ба роҳ монанд.Ҳамаи шаҳрвадони ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳот, дар кӯчаву бозор бо
  4. гурезагони Афғонистон муносибати дӯстона ва сазоворро ба роҳ
  5. монанд.
  6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиндагии муваққати гурезагони
  7. Афғонистон шароит фароҳам оварда, барои онҳо расондани ёриҳои
  8. башардӯстонаро бо кумаки мардуми кишвар ба роҳ монад ва иҷрои
  9. талаботи номбурдаро дар ҳама сохторҳои ҳукумат зери назорати ҷиддӣ
  10. қарор бидиҳад.
  11. Низоми Толибон як ҳаракати бенизом, як неруи ваҳшатафкан ва қотил
  12. аст, ки аз сӯйи давлатҳои ғаразхоҳ ба саҳнаи ҷанги Афғонистон ворид
  13. карда шудааст. Давлатҳои манфиатдор барои ин гурӯҳи ғаддор ҳама
  14. шароит, пул, силоҳи ҷангро муҳаё кардаанд, то ки дар ин минтақа ҳама
  15. гуна бедодгарии золимонаро анҷом бидиҳанд. Ин тартиби ҳукуматдорӣ
  16. торафт дар ин кишвар реша медавонад ва мардуми тоҷиктабори
  17. Афғонистон аз хонаву дар, забону фарҳанг ва ватан маҳрум мешавад.
  18. Бинобар ин аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки
  19. дари сафоратхонаҳои Покистон ва Қатарро ки бо низоми бешарафи
  20. Толибон ҳамкорӣ доранд бибандад. Ҳамчунин ба ҳукуматҳое, ки ин
  21. низоми терористиро эътироф мекунанд, эътироз баён карда шавад.
  22. Аз Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар
  23. талаб карда шавад, ки рафторҳои гурӯҳи Толибонро дар қиболи
  24. мардуми тоҷик ва форсизабони Афғонистон чун ҳаракати наслкушӣ
  25. (геносид) эътироф кунад.
  26. Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button