КоронавирусХабарҳои кӯтоҳ

БЕШ АЗ 16 ҲАЗОР СОКИНИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТААНД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 18 август хабар дод, ки дар як
шабонарӯзи охир дар кишвар 52 ҳолати сирояти коронавируси нави
COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 76 нафар аз ин беморӣ шифо
ёфтаанд ва хушбахтона, ягон ҳолати фавт сабт нашудааст. Тайи ду рӯзи
охир дар кишвар дар умум 100 ҳолати нави коронавирус ошкор шуда,
дар ин муддат 144 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва касе ҷон
набохтааст.
Ин омори расмии вазорат баёнгари то ҳадде коҳиш ёфтани мавҷи
дуюми паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон аст. Моҳи
июл, ки нуқтаи авҷи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ шуд, ҳар
рӯз ба ҳисоби миёна то 70 мавриди нави сироят ба ин беморӣ ва
дастикам як мавриди фавт аз ин беморӣ (31 фавт дар тӯли моҳи июл)
тасдиқ карда мешуд

Бисёриҳо ба омори расмии вазорати тандурустӣ бо назари шубҳа
менигаранд ва бар инанд, ки ин омор вазъи воқеии паҳншавии
пандемияро дар кишвар мунъакис намекунад. Вале сокинон ва табибон
низ ҳоло эътироф мекунанд, ки нисбат ба моҳи июл миқёси паҳншавии
бемории коронавирус дар Тоҷикистон хеле камтар ба назар мерасад.
Аз омори расмии вазорати тандурустӣ бармеояд, ки то шоми 18 август
дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон дар маҷмӯъ ҳамагӣ 179
нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд. Барои муқоиса, моҳи июл
ин рақам аз 400 нафар болотар буд.
Дар маҷмӯъ, бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, аз аввали
пандемия то шоми 18 август дар кишвар 16 275 нафар гирифторони
сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин
шумора то санаи зикргардида 15 972 нафар (98,1%) шифо ёфтаанд, вале
124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button