Хабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 114 ТАНГА ВА 147 ҒИЛОФИ КУРСӢ АЗ МУСОФИРОН АЗ ТОҶИКИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ВОЛГОГРАД

Хадамоти матбуоти раёсати гумруки ҳавзаи федералии ҷанубии Русия
рӯзи 19 август хабар дод, ки кормандони гумрук дар фурудгоҳи
Волгоград ҳангоми тафтиши бағочи мусофирон аз Тоҷикистону
Озарбойҷон 114 бастаи тангаҳои армуғонӣ (сувенирные буклеты) ва 147
ғилофи курсӣ (чехлы) ёфт ва мусодира кардаанд.
Татяна Полякова, сухангӯи гумруки Астрахан дар ин робита гуфт:
“Миқдор ва хусусияти молҳои эъломиянакардаи шаҳрвандони
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба чунин хулоса меорад, ки онҳо барои
истифодаи шахсӣ пешбинӣ нашудаанд ва ба ин далел бояд дар гумрук
эъломия карда мешуданд.

Дар робита ба ин мавридҳо бар асоси қисми якуми моддаи 16.2
Кодексия ҳуқуқвайронккуниҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми эъломия
накардани молҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Ба
мусофирони тоҷику озарӣ ҷарима ва мусодира молҳои аз онҳо ёфтшуда
таҳдид мекунад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button