ТаърихФарҳангЧеҳраҳо

ДАР РӮШОН ҲАЙКАЛИ МУБОРАКШОҲРО ГУЗОШТАНД (ВИДЕО)

Агар умр вафояш мекард, рӯзи 19 август овозхони зиндаёд Муборакшоҳ
Мирзошоев ба синни 60 мерасид. Муборакшоҳ 8 феврали соли 2001,
дар остонаи чилсолагиаш аз дунё рафт.
20 сол баъди маргаш, дар рӯзи 60-солагии ин овозхони маҳбуб дар боғи
фарҳанги шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон ҳайкали Муборакшоҳро
гузоштанд. Муборакшоҳ дар ин пайкара дар ҳоле тасвир шудааст, ки
рӯи хараке дар боғ нишаству гитор дар паҳлу дорад

Дар маросими пардабардорӣ аз ҳайкали Муборакшоҳ дар Вамар, бино
ба иттилои хабаргузории “Спутник”, раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух
Додхудоев, писари Муборакшо – Имомалишо, ҳунарманди машҳури
тоҷик Далер Назаров, иштирок доштаанд. Сомонаи Рomere.info хабар
дод, ки дар ин маросим ҳамчунин Далер Султонов, Таҳмина Рамазонова
бо гуруҳи “Авесто”, Нобовар Чаноров бо гуруҳи “Шамс”, гуруҳҳои
“Ҷирай” ва “Равшандилони Рӯшон” низ иштирок доштаанд.
Ба навиштаи “Спутник”, маъракаҳои бахшида ба зодрӯзи Муборакшоҳ
субҳи 19 август бо он сар шуд, ки аҳли фарҳанг ба зодгоҳи овозхон,
деҳаи Емс рафта, дар манзилаш ба ёди ӯ дуо карданд.
Дар Рӯшон бахшида ба зодрӯзи Муборакшоҳ як консерти бузурги
ситораҳои ҳунар низ баргузор мешавад, ки дар он Далер Назаров,
Нобовар Чаноров, гуруҳҳои “Шамс”, “Авесто” “Ҷирай”, “Равшандилон”
ва ҳамчунин ҷиянаш Далер Мирзоширинов иштирок хоҳанд кард.

Хилватшоҳ Маҳмуд
40 мин. назад
Имрӯз, 19-август ба 60-умин солгарди ҳунарманди зиндаёд, ситораи эстрадаи
тоҷик- Муборакшо Мирзошоев (МИШ) мусодиф аст…
Дар шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо ибтикори пайравону ҳаводорони
ӯ ҳайкали сароянда қомат афрохт.
Дар акс: ҳунармандону дӯстон ва пайванд

Муборакшоҳ Мирзошоев 19 августи соли 1961 дар деҳаи Емси ноҳияи
Рӯшон ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 1984 то 1987 дар омӯзишгоҳи
авиатсионии шаҳри Ленинград таҳсил кардааст. Муборакшоҳ соли 1987
ба Душанбе омада, ба гуруҳи Далер Назаров пайваст.
Муборакшоҳ Мирзошоев дар баробари Далер Назаров яке аз
асосгузорони сабки наве дар эстрадаи тоҷик ба шумор меравад, ки бо
номи “сабки бадахшонӣ” маъруф шудааст.
“Сабза ба ноз”, “Рақс бикун, шӯр бидеҳ”, “Ай ҷони ман асират”,
“Паринамо”, “Туро мепарастам”, “Равон шуданд чор ҷавон”, “Ғарибӣ”
аз ҷумлаи машҳуртарин таронаҳои шоҳкори ин овозхони ҷавонмарг
буда, “Ай Бадахшонуме” ҳатто ба як навъ гимни ғайрирасмии Вилояти
Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табдил ёфтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button