Хабарҳои кӯтоҳ

ГУНОҲИ МАН ЧИСТ? НОМАИ ШОИР ВА АДИБИ ТОҶИК АТО МИРХОҶА БА ОЗОДА РАҲМОН

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар
як номаи саркушода ба Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи иҷроияи
президент, навиштааст, ки мехоҳад бидонад, ки оё “ба кадом сабаб ё
сабабҳо бори сеюм аст, ки дар Дастгоҳи иҷроия номи маро аз
рӯйхати унвонгирандагон хат мезананд?”
Ӯ менависад, раёсати Иттифоқи нависандагон аз соли 2013 се маротиба
ӯро ба унвони Нависанда ё Шоири халқии Тоҷикистон пешбарӣ
кардааст, вале ҳарсе дафъа номзадии ӯро напазируфтаанд.

Рӯзи 18 август президенти Тоҷикистон дар остонаи солгарди сиюми
истиқлоли кишвар ба беш аз 120 нафар, аз ҷумла аҳли адабиёт ва
фарҳанг унвонҳои фахрӣ эъто кард. Имсол, тавре худи Ато Мирхоҷа як
рӯз қабл хабар дод, Бахтиёр Муртазоев ва Маъруф Бобоҷон соҳиби
унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон шуданд. Ин унвон як силсила
имтиёзҳо ва ҳамин тавр, маоши моҳона дорад.
Ато Мирхоҷа менависад, ду дафъаи аввал, ки номзадиаш гашт, даъво
накард, вале “ин бор фаҳмидан мехоҳам, ки сабаби аз чашми шумо
дур афтодани банда дар арафаи чунин солҷашни бошукӯҳ дар чист?
Беихтиёр чунин андеша маро азоб медиҳад, ки дар назди Ҳукумат
муртакиби чӣ гуноҳи кабирае шудаам, ки маро сазовори унвону
мукофот намебинад? Ҳол он ки ман дар муддати 30 соли истиқлолият
барои адабиёт ва Ватани азизам аз тамоми ашхосе, ки ба ин унвон
соҳиб гардидаанд, агар зиёдтар не, камтар хидмат накардаам. ”
Ато Мирхоҷаи Нерӯ (Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич) 8 апрели
соли 1963 дар деҳаи Вужи ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнони Вилояти
Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1985 бахши
журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии
Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1994 узви Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо
Турсунзода мебошад.
Соли 1991, нахустин силсилаи ашъораш дар китоби дастҷамъии «Боли
парвоз» бо номи «Тасмаи мардон» ба чоп расида, сипас чанд маҷмӯаи
дигари ӯ, аз ҷумла «Ишқ ва ашк» (2003), «Шакарганҷ» (2006) ва «Нафаси
дувум» (2013) дастраси хонандагон шудаанд. Ато Мирхоҷа ҳамчунмин
муаллифи чанд китоби ашъори кӯдакона, намоишномаҳои «Даъвати
Носир» (1992), «Сайр дар гилем» (1995), «Давлати баргашта» (1999) ва
романи “Саройи санг” мебошад. Ӯ ҳамчунин асарҳои зиёдеро аз русӣ ба
тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ва русӣ ба забони шуғнонӣ тарҷума ва чоп
кардааст.

ЧАРО БА МАН УНВОН НАДОДЕД?
Номаи сарво ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ!
Ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии
Тоҷикистон Шуморо сидқан табрик ва таҳният мегӯям. Бароятон
шукуфоиву комёбиҳои беназир дар кори таҳкими давлатдорӣ ва
истиқлолият орзу менамоям.
Мутаассифона, дар арафаи ин рӯзи хуҷаста ман худро хушбахт эҳсос
карда наметавонам, зеро табъи идонаи маро сазовор нашуданам ба
унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон хира намудааст.
Ба воситаи ин нома аз Шумо ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи иҷроия
донистан мехоҳам, ки ба кадом сабаб ё сабабҳо бори сеюм аст, ки дар
Дастгоҳи иҷроия номи маро аз рӯйхати унвонгирандагон хат мезананд?
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маро аз соли 2013 сар
карда, то соли равон се маротиба ба унвони Нависандаи (Шоири)
халқии Тоҷикистон лоиқ дониста, ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод намуд.
Аммо, мутаассифона, ҳар се бор ҳам қарори раёсат ба назар гирифта
нашуд.
Ба маълумоти Шумо мерасонам, ҳар се маротиба ҳам аъзои раёсати
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бидуни раъйи худам, бо тасмими
дастҷамъии худ, чунин қарорҳоро бароварда, аз мақомоти болоӣ хоҳиш
намудаанд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд.
Ду бори аввал аз баҳри даъво гузаштам, аммо ин бор фаҳмидан
мехоҳам, ки сабаби аз чашми шумо дур афтодани банда дар арафаи
чунин солҷашни бошукӯҳ дар чист?
Беихтиёр чунин андеша маро азоб медиҳад, ки дар назди Ҳукумат
муртакиби чӣ гуноҳи кабирае шудаам, ки маро сазовори унвону
мукофот намебинад? Ҳол он ки ман дар муддати 30 соли истиқлолият


барои адабиёт ва Ватани азизам аз тамоми ашхосе, ки ба ин унвон
соҳиб гардидаанд, агар зиёдтар не, камтар хидмат накардаам.
Ба хотири рафъи гумону суитафоҳумҳо дар байни аъзои раёсати
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дӯстону ихлосмандони
эҷодиётам аз Шумо хоҳиш менамоям, ки номаи маро бепосух
нагузоред.
Бо эҳтиром
Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button