Хабарҳои кӯтоҳ

АНҶОМИ АМАЛИЁТИ ҶУСТУҶӮИ ҶАСАДИ ХАЛАБОНИ ҲАЛОКШУДАИ МИ-8

КҲФ Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 18 август амалиёти ҷустуҷӯ ва
интиқоли ҷасади пилот ё халабони чархболи МИ-8 Сергей Тютин
анҷом ёфт. Тютин рӯзи 4 август, бар асари суқути чархболаш дар рӯи
пиряхи Федченко ба ҳалокат расид. 10 наҷотбахшро барои овардани
ҷасади халабон ҳанӯз рӯзи 12 август дар рӯи пирях фаровардаанд.
Онҳо то ҷои суқути чархбол се шабонарӯз роҳ рафта ва барои
бозгашт низ се шабонарӯзи дигар сарф кардаанд.
Владимир Хабибуллин бо нашри як акс дар Фейсбук хабар дод, ки дар
ин амалиёт наҷотбахшони КҲФ ва гуруҳи наҷотбахшон ба раҳбарии
Яфталиев Ш. Аз Хоруғ иштирок карда, дар пайи анҷоми вазифаи хеле
мурақкаб дар Танимаси боло дар пиряхи Федченко рӯзи 18 август,
соати 13 баргаштанд. Алишер Примкулов Сергей Тютин ва ин 10
наҷотбахшро қаҳрамонони асил номид.

КҲФ Тоҷикистон
18 – уми августи соли равон билохира амалиёти ҷустуҷӯ ва овардани
ҷасади халабони ҳалокшудаи чархболи Ми-8 Қувваҳои сарҳадии
Тоҷикистон ба анҷом расид ва ҷасади Сергей Тютин аз баландии
бештар аз 5 ҳазор метр поин оварда шуд. Ин чархбол 4-ми августи соли
равон ҳангоми кумакк ба сайёҳон дар пиряхи Федченко, воқеъ дар
қаламрави ноҳияи Ванҷи ВМКБ сарнагун шуда буд.
6 – уми августи соли равон бо кумаки чархболи МИ-8 нерӯҳои
марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 10 нафар – 6 нафар
гардишгарони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва
2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик” ба шаҳри Душанбе оварда
шуда буданд, аммо ҷустуҷӯ ва интиқоли ҷасади халабон Тютин идома
дошт.
Баъди як тарҳрезии ҷиддии амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот 10 нафар
имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании
назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи чархбол ба баландии
4000 метр бароварда шуданд ва онҳо аз он нуқта ба самти боло, ба
ҷойе, ки чархбол суқут карда буд, равон шуданд.
Наҷотдиҳандагон муддати се шабонарӯз роҳ паймуданд, то ба нуқтае
расанд, ки чархбол сарнагун шуда буд.
Ба ин амалиёт қувваву воситаҳои КҲФ, ҳамчунин як чархболи қувваҳои
мусаллаҳи марзбонии КДАМ ҷалб шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки 4-уми августи соли равон як чархболи МИ-8
қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ба
кумаки сайёҳони Русия равон шуда буд. Ин гардишгарон ҳангоми боло
шудан ба пиряхи Федченко дучори мушкил шуда буданд ва чархбол бо
5 сарнишин ба ёрии онҳо эъзом шуда буд.
Аммо наздик ба соати 12:10 дақиқа чархбол аз назари радар нопадид
шуд, ҳар гуна иртибот бо он қатъ гардид ва ба ягон дархост посух
намедод. Баъдан маълум шуд, ки чархбол дар қаламрави пиряхи
Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, ба кӯҳ
бархӯрдаву сарнагун шудааст. Дар натиҷа сарвари парвоз Сергей Тютин
ба ҳалокат расид ва чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Алишер Примкулов
Вот это и есть настоящие герои!
Пилот Сергей Тютин сажавший аварийный борт ценой собственной
жизни и спассгруппа, которая была отправлена за его телом, в которой
не было ни одного человека с опытом восхождения к месту посадки!

Сегодня 18.08.2021 в 13-00 Спасотряд КЧС +Хорогская группа
спасателей (рук. Яфталиев Ш.), выполнив сложнейшую задачу на л.
Высокий Танымас (л.Федченко) вернулась в расположение.
Спасибо парни!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button