ТОҶИКИСТОН

6 КӮҲНАВАРДИ РУСРО АЗ ВАНҶ БА ДУШАНБЕ ОВАРДАНД, ҶУСТУҶӮИ ҶАСАДИ МАСЛОВ ИДОМА ДОРАД

6 кӯҳнаварди русро, ки дар кӯҳҳои Помир дучори мушкил шуданд, рӯзи
6 август ҳамроҳи 4 узви Шӯрои рушди сайёҳии Тоҷикистон тавассути
чархбол ба Душанбе овардаанд. Дар ин бора ба хабаргузории русии
РИА Новости роҳбари ин Шӯро Давлат Ҳабибов хабар дод. Ӯ ҳамчунин
хабар дод, ки дар кӯҳҳои Помир ҷустуҷӯи ҷасади кӯҳнаварди ҳафтум аз
ин гуруҳ Александр Маслов идома дорад. Маслов рӯзи 26 июл ҳангоми
фатҳи қуллаи Сент-Экзюпери аз кӯҳ афтод ва ҳалок шуд.
Баъди он ҳодиса кӯҳнавардони боқимонда дархости кумак карданд ва
рӯзи 4 август 4 узви Шӯрои рушди сайёҳии Тоҷикистон дар чархболи
Қӯшунҳои марзбонӣ барои наҷоти ин кӯҳнавардон рафтанд. Вале,
мутаассифона, чархболи онҳо дар ҳудуди мавзеи Пойи Мазори ҷамоати
Рованди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми
нишастан ба рӯи пиряхи Хирсон дар дараи Абдуқаҳҳор суқут кард. Бар
асари садама, як нафар: халабон, яъне пилоти чархбол ба ҳалокат
расида, 4 узви Шӯрои сайёҳӣ, аз ҷумла Ҳабибов, ҷароҳат бардоштанд

Акмал Усманов дар Фейсбук хабар дод, ки халабони ҳалокшуда Сергей
Тютин мебошад, ки дар Душанбе ба дунё омада, як умр дар авиатсияи
тоҷик хидмат кард. Ба навиштаи муаллиф, Тютин ягон пилоте буд, ки
иҷозатномаи парвоз дар баландиҳои кӯҳистони Помирро дошт

6 КӮҲНАВАРДИ РУСРО АЗ ВАНҶ БА ДУШАНБЕ ОВАРДАНД, ҶУСТУҶӮИ ҶАСАДИ МАСЛОВ ИДОМА ДОРАД — Пойгоҳи хаба…
Акмал Усманов
около 2 нед. назад
Серега, не хочу верить, что тебя больше нет!!! Ты же везунчик! Тебе всегда
везло! Неужели в этот раз по другому!? Мы с тобой летали, было страшно, но
везло! Ты полетел спасать людей, на той высоте где нельзя садиться
вертолетам, ты рискнул….Я уверен, что спас ты свой экипаж, молодых пацанов,
взял удар на себя….

Давлат Ҳабибов дар суҳбат бо РИА Новости нақл кард, ки баъди суқути
чархбол онҳо ҳамроҳи 6 кӯҳнаварди рус худ пойин фаромадаанд.
Онҳоро сипас то шаҳраки Ванҷ оварда, сипас бо чархболи Қӯшунҳои
марзбонӣ ба Душанбе овардаанд.
Чархболҳои ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон баъзе вақт барои амалиёти
наҷот, аз ҷумла наҷоти кӯҳнавардони дар кӯҳҳои Помир дармонда
истифода мешаванд. Тақрибан ҳамаи чархболҳое, ки дар Тоҷикистон
мавҷуданд, кӯҳнаву фарсуда буда, аз замони СССР ба мерос мондаанд

6 КӮҲНАВАРДИ РУСРО АЗ ВАНҶ БА ДУШАНБЕ ОВАРДАНД, ҶУСТУҶӮИ ҶАСАДИ МАСЛОВ ИДОМА ДОРАД — Пойгоҳи хаба…
12 августи соли 2018 як чархболи МИ-8-и Гвардияи миллии
Тоҷикистон, ки барои наҷоти як гуруҳи иборат аз 30 кӯҳнавард парвоз
карда буд, дар паҳлуи қуллаи баландтаринни собиқ СССР – қуллаи
Исмоили Сомонӣ( собиқ қуллаи Коммунизм, баландиаш 7495 метр аз
сатҳи баҳр) суқут кард. Дар натиҷа ҳарду узви экипаж ва се кӯҳнавард аз
Русия ба ҳалокат расиданд.

https://youtu.be/K_Xr1_1fU7s

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button