Иқтисод

ҲАЛОКАТИ ЯК СОКИНИ АМОНДАРА БАР АСАРИ СЕЛ

Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд хабар дод, ки нимаи дуюми
5 август, соати 17:30 дар пайи борони пуршиддат дар ҷамоати деҳоти
Амондара дар канори шаҳри Панҷакент сел омад. Аз ҳалокати як сокини
60-солаи деҳаи Амондара хабар дода мешавад. Баъди ҷустуҷӯи зиёд
сокинони Амондара ҷасади ӯро аз зери лойю об субҳи 6 август, соати
06:20 пайдо карда ва ба наздиконаш супурдаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бар асари сел ба се
ҳавлӣ дар деҳаи Амондара лойоба даромада, сел 29 замини
наздиҳавлигӣ, 10 гектар заминҳои кишт ва 10 км роҳи мошингарди
деҳаро низ аз лой пур кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button