Коронавирус

ЯК СОЛ БАЪДИ БАРОДАРАШ: РАҲМОНЗОДА АҲМАДҶОН ФУТУР НИЗ АЗ КОРОНАВИРУС ДАРГУЗАШТ

Раҳмонзода Аҳмадҷон Футур, корманди баландпояи Додситонии кулли
Тоҷикистон, собиқ додситони ноҳияҳои Қубодиён ва Дӯстӣ (Қумсангир)
рӯзи 9 август дар манзилаш дар шаҳри Бохтар дар синни 51 аз олам
чашм пӯшид. Маросими намози ҷаноза ва дафни Аҳмадҷон Раҳмонзода
субҳи 10 август дар зодгоҳаш, деҳаи Паркамчии ҷамоати Пушинги
ноҳияи Данғара баргузор мешавад.
Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Аҳмадҷон
Раҳмонзода тақрибан як моҳ боз дар хонааш дар шаҳри Бохтар таҳти
назорати духтурон аз коронавирус табобат мегирифт, вале ба духтурон
муяссар нашуд, ки ӯро аз марг наҷот бидиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button