Коронавирус

ШУМОРАИ РАСМИИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ 16 ҲАЗОР ГУЗАШТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 14 август хабар дод, ки давоми
шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 64 ҳолати нави гирифторшавии
шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар
айни замон 78 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва ягон ҳолати марг
аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 14 август дар кишвар 16061
нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд
гирифта шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 15 671 нафар (97,6%)
шифо ёфтаанд ва 123 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button