Иқтисод

ХУШХАБАР! АЗ 27 АВГУСТ ШУМОРАИ ПАРВОЗҲОИ ДОИМӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БА РУСИЯ ДАҲҲО МАРОТИБА МЕАФЗОЯД

Рӯзи 16 август ситоди фаврии ҳукумати Русия оид ба пешгирӣ аз вуруд
ва паҳншавии коронавирус қарор қабул кард, ки аз 27 август ба
парвозҳо ба Доминикан, Кореяи ҷанубӣ ва Чехия иҷозат дода, шумораи
парвозҳои мунтазамро бо чанд кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар
заминаи дутарафа афзоиш диҳад:
– ба Тоҷикистон (бо хатсайри Маскав – Душанбе шумораи парвозҳот
аз 2 парвоз то 7 парвоз дар ҳафта афзоиш дода шуда, аз он
фурудгоҳҳои Русия, ки парвозҳои байналмилалиашонро барқарор
кардаанд, ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дар ҳар хатсайр ба
як парвоз дар ҳафта иҷозат дода шавад).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button