МУҲОҶИРОН

ХУМОРИ ДИДОРИ ПАДАР. ҚИССАИ ПУРСӮЗИ ПАДАРИ МУҲОҶИРЕ, КИ ҲАТТО БА ТӮЙИ ПИСАРАШ ОМАДА НАТАВОНИСТ

Доро Сӯҳробӣ, журналист: Пагоҳ рӯзи милоди падарам (15-уми
август) аст… Ҳамеша орзуи онро доштаму дорам, ки боре рӯзи
милоди падарамро дар иҳотаи оилаамон қайд намоем…
Рӯзҳоро (наздики 20 солро) ба умеди ин армони кӯдакӣ ба дасти шаб
месупораму субҳро дар интизори роҳи дадаҷонам пешвоз
мегирифтам(рам)… Аммо солеро ёд надорам, ки зодрӯзи
дадаҷонамро як ҷо ҷашн гирифта бошем

Дадаҷон ман барои ин ҷудоии ҷонгудоз шуморо гунаҳгор карданӣ
нестам, балки бо доштани падаре чун шумо ифтихор мекардаму
мекунам.
Бо доштани падаре, ки барои таъмини зиндагии фарзандонаш
наздики 20 сол мардикори шаҳри ғурбат аст.
Бо доштани падаре, ки ҷавониашро дар муҳоҷират гузаронд, то мо ба
айёми ҷавонӣ бирасем.
Бо доштани падаре, ки бо дастони пур аз обила кор мекунаду мегӯяд:
“Ин ҳама мегузарад…”
Садҳо ҳазор падарону фарзандони дигар тоҷик низ ҳамин ҳолу азоби
зиндаҷудоии Дорову падарашро доранд… Худовандо, ягон фарзандро
зиндаҷудо накун ва аз чатри навозиши падар маҳрум нагардон!

Доро Суҳробӣ
ХУМОРИ ДИДОРИ ПАДАР
Замони кӯдакӣ беҳтарин фаслҳо бароям охири тирамоҳу аввали
зимистон буданд.
Зеро дар ин айём ҳамеша чашмонам ба роҳи бозгашти падарам чор
буд.
Ёд дорам, шабҳои сарду тӯлониеро, ки дар интизори омадани
дадаҷонам ба дасти субҳ месупоридам.
Гоҳо ҳангоми хӯрдӣ аз очаҷонам суол медодам, ки дадем кай меоянд?
Чаро имсол ҳам баҳор омаду наомаданд? Охир шумо гуф будед, ки
зимистон меоянд…

Ин ва чанди суолҳои дигарро ҳамеша аз очаҷонам мепурсидам ва
модарам ҷуз сукут посухи дигаре бароям намедоданд…
Он шабҳо, он рӯзҳо ва он солҳоеро, ки назди “фонуси танҳоӣ” сипарӣ
кардаам, гоҳо чун хотироти талхи кӯдакӣ ба ёдам мерасаду дилам гум
мезанад…
Дардноктарин рӯз, ториктарин шаб ва дарозтарин сол бароям
лаҳзаҳоест, ки чашминтизори роҳи падарам будам.
Дур аз дадаҷонам бузург шудам, мактабу донишгоҳро бо ду диплом
хатм кардам, ба кор даромадам ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо намудам.
Ин ҳама бароям осон набуд, зеро дар ҳар қадаму дар ҳар нафас
набудани қиблагоҳамро эҳсос мекардам…
Рӯзи тӯям аниқ шуд.
Қабл аз ҳама аз дадаҷонам хоҳиш кардам, то дар ин санаи муҳими
ҳаётам дар канорам бошанд.
Чун замони хурдӣ ҳар рӯзро ҳисоб мекардам, то пас аз солҳои тӯлонӣ
падарамро бубинам…
Боре ба дадаҷонам занг задам, овозашон гирифта буд ва эҳсос кардам,
ки беморанд…
Диламро андӯҳе пахш кард. Пеши чашмонамро сиёҳӣ гирифт

Дар ҷойи худ нишастам ва пинҳони аз модарам гиря кардам, зеро дур
аз мо такягоҳу умеди зиндагиямон – дадаҷонам гирифтори коронавирус
шуда буданд.
Аз ин хотир, дадаҷонам гуфтанд, ки бачаҷон дар тӯят иштирок карда
наметавонам. Пули роҳкирои маро фиристам гиру ягон камбудиии
тӯйро буд кун…
Шаби 26-юми июн, ки фардояш (27.06.2021) тӯй доштам, то қарибиҳои
субҳ чун одати кӯдакӣ интизори роҳи падар дар канори тиреза ба берун
нигоҳ мекардам…
Бо вуҷуди он ки медонистам, ки муҳимтарин рӯзи зиндагиямро бидуни
қиблагоҳам мегузоронам, аммо ҳамоно чашм ба роҳ будам…
Ҳар бор, ки дари хона тақ-тақ мешуд, қабл аз ҳама рафта боз
мекардам…
Дар симои хешовандону амаку тағоҳоям ва ҳатто меҳмонон
дадаҷонамро меҷӯстам…
27.06.2021 – либоси домодӣ ба бар кардам, ба хонаи арӯс рафтам.
Дӯстонам дар наздам мерақсиданду иддае аз одамон ба ман
менигаристанд, аммо чашмони ман сӯйи телефон буд.
Интизорӣ мекашидам, то касе муждаи омадани падарамро бароям
диҳад ё дадаҷонам бо шуморае бароям тамос гиранду гӯянд, ки:
“Дороҷон, ман омадам…”
Дар тарабхона. ҳофизмехонад ва хешон, дӯстон, ҳамкорону устодон дар
базми ман мерақсиданд…
Ман бошам дар ин лаҳза тавассути ватсап ба дадаҷонам менигараму
беихтиёр қатрҳои ашк аз чашмонам ҷорӣ мешаванд.
Дадаҷонам дар он сӯ ва ман дар тахти домодӣ пинҳониву ошкоро аз
дигарон гиря мекунем

Бори аввал ҳамқисмати зиндагиям, ки дар канорам нишаста буд, ашкро
аз чашмони ман дид.
Барояш боварнокарданӣ буд, дидани ашк аз чашмони мане, ки ҳамеша
ғамҳоямро паси хандаҳоям пинҳон кардааму мекунам.
Ӯ пайи ҳам мепурсид, ки ба ман чӣ шуда ва чаро дар ин рӯз гиря
мекунам?
Ашкҳои ману дадаҷонам шиква аз қисмат буд ё аз дарди дури аз
ҳамдигар? Ё ҳарду…
Оре, он шаби тӯй то аз тарабхона баромадан интизори омадани ду
нафар будам, ки ҳар ду ҳам наомаданд – дадаҷонам ва тағоҷони
хурдиям Абдувалӣ, ки хеле зиёд дӯсташон медорам…
Пагоҳ рӯзи милоди падарам (15-уми август) аст ва ин чанд сатри
пароканда ва ҳарфҳои ногуфтаи диламро хостам як рӯз пеш бигӯям…
Ҳамеша орзуи онро доштаму дорам, ки боре рӯзи милоди падарамро
дар иҳотаи оилаамон қайд намоем…
Рӯзҳоро (наздики 20 солро) ба умеди ин армони кӯдакӣ ба дасти шаб
месупораму субҳро дар интизори роҳи дадаҷонам пешвоз
мегирифтам(рам)… Аммо солеро ёд надорам, ки зодрӯзи дадаҷонамро
як ҷо ҷашн гирифта бошем…

Дадаҷон ман барои ин ҷудоии ҷонгудоз шуморо гунаҳгор карданӣ
нестам, балки бо доштани падаре чун шумо ифтихор мекардаму
мекунам.
Бо доштани падаре, ки барои таъмини зиндагии фарзандонаш наздики
20 сол мардикори шаҳри ғурбат аст.
Бо доштани падаре, ки ҷавониашро дар муҳоҷират гузаронд, то мо ба
айёми ҷавонӣ бирасем.
Бо доштани падаре, ки бо дастони пур аз обила кор мекунаду мегӯяд:
“Ин ҳама мегузарад… Ман рӯзе ба Ватан бармегардаму дигар аз шумо
дур намешавам…”
Бо доштани падаре, ки барои тӯйи домодии ман шабу рӯз бо дастони
захминшуда аз бозиҳои бераҳми рӯзгор кор карду хоб нарафт. Ҳатто
замоне, ки бемор буд…
Дадаҷон, хеле зиёд ёдатон кардаму ба андозаи ҳамаи дунё дӯстатон
медорам.
Аз Худованд мехоҳам, ки 47-солагиятонро як ҷо ҷашн бигирем…
46-умин баҳори умр ва 20 соли зодрӯзи дур аз ҳамдигар муборакамон
дадаҷонам…((((((
Худованд дар он мулки бегона нигаҳбонатон бошад!
Бо дуо, таманниёт ва эҳтиром Дорои шумо.
PS: Акси аввал бо дадаҷону очаҷонам.
Дар акси дуюм дар рӯзи тӯям бобоҷонам ба ҷойи падарам дуо
доданд…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button