ТОҶИКИСТОН

ФОҶИАИ ХЕЛЕ ТАЛХ ДАР РОҲ БА ИШКОШИМ

Субҳи 12 август дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз як
мошин бо 6 сокини ноҳияи Ишкошим ва як тобут ба дарёи Панҷ
чаппа шудааст. Ин тобути як зан буд, ки аз Душанбе барои гӯручӯб ба
Ишкошим мебурданд. Мӯсо Мирзозода, раиси ноҳияи Ишкошим дар
суҳбат бо “Азия Плюс” ин ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтааст, ки то
шоми 12 август зани фавтидаро бо ҷасадҳои ду мусофири дигар
пайдо кардаанд. Ин се ҷасад феълан дар ноҳияи Дарвоз буда, бояд ба
Ишкошим фиристода шаванд. Ҷустуҷӯи 4 нафари дигар то ҳол идома
дорад.
Фоҷиа: Сарозер шудани мошин бо 6
мусофир ва як мурда ба дарёи Панҷ
Муаллиф: Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plu

Ҷасади ду нафарро пайдо карданд, тақдири 4 нафари дигар то ба ҳол
номаълум аст.
Субҳи имрӯз, як мошини ҳомили 6 нафар сокини ноҳияи Ишкошим
дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер
шудааст. Ин мошин ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз
Душанбе ба ин ноҳия мебурдааст.
То ҳол ҷасади ду нафарро пайдо карда, тақдири чор нафари дигар
норавшан аст. Ин фоҷиаро дар суҳбат ба “Азия плюс” раиси ноҳияи
Ишкошими ВМКБ Мусо Мирзозода таъйид кард.
Номбурда дар шарҳи ин ҳодисаи мудҳиш гуфт, ки дар мошини тамғаи
“Лексус”, ки ба сокини деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим тааллуқ дошту ба
дарё сарозер шуд, ҷасади як зан ҳам буд ва ҳодиса ҳангоми овардани
ҷасади зан аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ишкошим рух додааст.
Сабаби ба дарё сарозер шудани мошин то ба ҳол маълум нест.
– Ҳоло тобути зани фавтидаро ҳамроҳ бо ду нафар мусофир дарёфт
карданд.Ҷасади онҳо дар ноҳияи Дарвоз аст ва ҷасадҳоро ба ноҳияи
Ишкошим интиқол медиҳанд. Ҷустуҷӯи мусофирони дигар то ба ҳол
идома дорад,-гуфт раиси ноҳия Мирзозода.
Мавсуф гуфт, ки ҳамаи кормандони масъул ба ҷои ҳодиса сафарбар
шудаанд ва ҳодиса зери назорати шахсии раиси ВМКБ ва раисони
ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аст.
– Бо супориши раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳамаи хадамоти наҷотдиҳӣ
дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Кофтуков идома дорад. Ман шахсан бо
раиси ноҳияи Дарвоз дар тамос ҳастам. Мардум сафарбар шудааст

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button