Сиёсат

ТАҚДИМИ ОРДЕНИ “НИШОНИ ФАХРӢ” БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН (3 АКС)

Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 6 август
дар мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар
осоишгоҳи “Овоза” дар соҳили баҳри Хазар (Каспий” ба президенти
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи
Марказӣ”-ро тақдим кард. Эмомалӣ Раҳмон аз байни роҳбарони
минтақа аввалин нафарест, ки сазовори ин мукофоти тозабунёд дониста
шуд.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон бо нашри 3 акс гуфт,
Эмомалӣ Раҳмон “бо қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи
Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ,
ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи
Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва
ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи
байналмилалӣ бо нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони
давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардонида шуд.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки 5 октябр ба синни 70 пой мегузорад, аз лиҳози
синну сол дар байни роҳбарони имрӯзаи давлатҳои Осиёи Марказӣ аз
ҳама калонсолтарин ба шумор рафта, аз лиҳози собиқаи раёсаташ низ
дар ҷои аввал меистад. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак қариб 29
сол боз зимоми роҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад. Аз ҳамтоёни
дигари ӯ дар минтақа Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2007, инак
14 сол дар курсии президентии Туркманистон такя задааст ва
раисиҷумҷҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тоза соли 2016 ва
президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев соли 2019 ба мақоми
раҳбарӣ нишастанд.
Ҳам аз нигоҳи синну сол ва ҳам аз лиҳози собиқаи раёсат ҷавонтарин
роҳбар дар Осиёи Марказӣ Содир Ҷабборов (Жапаров) аст, ки тоза 10
моҳ қабл аз зиндон озод шуда, моҳи январи соли 2021, ҳамагӣ ним сол
пеш курсии президенти Қирғизистонро ба даст овард

ТАҚДИМИ ОРДЕНИ “НИШОНИ ФАХРӢ” БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН (3 АКС) — Пойгоҳи хабарии «Бомдоди

ТАҚДИМИ ОРДЕНИ “НИШОНИ ФАХРӢ” БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН (3 АКС) — Пойгоҳи хабарии «Бомдоди»
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
около 2 нед. назад
Дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти
Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Қарори муштараки
сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди
муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои
Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва
ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин
мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар
вазъияти тантанавӣ ба Президент

«

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
около 2 нед. назад
Иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ
06.08.2021
http://www.president.tj/node/26313
6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ
иштирок ва суханронӣ карданд…. See More
1.2K 37 725
+31
18.08.2021 ТАҚДИМИ ОРДЕНИ “НИШОНИ ФАХРӢ” БА П

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button