ТОҶИКИСТОН

ПРОКУРАТУРА: МУНОСИБАТИ ОШИҚОНАИ ЁРДАМЧИИ ПРОКУРОР БО ҲАМКОРАШ ТАСДИҚ НАШУД

Прокуратураи шаҳри Душанбе рӯзи 10 август дар як вокуниши расмӣ, ки
дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст, маълумоти пойгоҳи хабарии
“Бомдод” дар бораи ҷароҳат бардоштан ва дар беморхона бистарӣ
гардидани Акмал Аъзамзода, корманди прокуратураи ноҳияи Синои
пойтахти Тоҷикистонро тасдиқ кард. Вале додситонӣ афзуд, “вобаста ба
ин ҳолат санҷиш идома дорад, вале оиди он ки Аъзамзода А. бо
Раҳмонова Ф. муносибатҳои ошиқона ва дӯстӣ дошта бошанд,
тасдиқи худро наёфтанд.”
Манобеи сомонаи “Бомдод” гуфта буданд, ки Акмал Аъзамзода,
ёрдамчии прокурори ноҳияи Сино, соли таваллудаш 1991, рӯзи 7 август
дар кӯчаи Соҳилӣ, 2, дар хонаи Ф. ном як ёрдамчии дигари прокурори
Сино, соли таваллудаш 1995, аз ҷониби Муҳаммад ном додари Ф.
кордборон шуда, дар ҳолати вазнин дар беморхонаи “Истиқлол”
бистарӣ карда шуд. Манобеи “Бомдод” гуфтанд, Муҳаммад ҳангоми
мулоқоти ошиқонаи Аъзамзода бо Ф. ногаҳон аз дари хонаи хоҳараш
даромада, ба ёрдамчии прокурор бо корд ҳамла кардааст

Аммо додситонии шаҳри Душанбе мегӯяд, дар пайи санҷиш маълум
кардаанд, ки асли қазия каме дигар буд: “Охирон (яъне Аъзамзода)
санаи 07 августи соли 2021, тахминан соати 15.00 дақиқа ҳангоми аз
маҳаллаи 61-ум бо воситаи автомашинаи шахсиаш гузаштан дар роҳ
ҳамкораш Раҳмонова Ф.-ро дида, ки номбурда дар даст бастаҳои
вазнини селофанӣ дошт. Бо мақсади ба ӯ кумак расонидан бо
автомашинааш ӯ ва борхалтаҳояшро то манзили зисташ бурда
мерасонад. Дар назди манзили истиқоматии Раҳмонова Ф. аз
автомашина фаромада, борхалтаҳои маҳсулоташро ба хонааш бурда
монда, аз онҷо меравад.”
Вале додситонӣ дар мавриди дар куҷо ҷароҳат бардоштан ва чаро таҳти
ҷустуҷӯ қарор гирифтани Муҳаммад, додари Ф. шарҳе надодааст. Дар
вокуниши прокуратура дар ин маврид хеле кӯтоҳ гуфта шудааст, ки
“Минбаъд, ӯ бо гирифтани ҷароҳатҳои сабук дар беморхона бистарӣ
мегардад. Вобаста ба ин ҳолат санҷиш идома дорад…”
Хабарҳо дар сомонаҳои
иҷтимоӣ оиди ҷароҳат
бардоштани корманди
прокуратураи Синои
шаҳри Душанбе
Прокуратураи шаҳри Душанбе вобаста ба хабарҳо дар сомонаҳои
иҷтимоӣ оиди ҷароҳат бардоштани корманди прокуратураи Синои
шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида, муайян намуд, ки охирон санаи 07

ПРОКУРАТУРА: МУНОСИБАТИ ОШИҚОНАИ ЁРДАМЧИИ ПРОКУРОР БО ҲАМКОРАШ ТАСДИҚ НАШУД — Пойгоҳи хабарии «…
https://www.bomdod.com/2021/08/10/prokuratura-munosibati-oshiqonai-yordamchii-prokuror-bo-hamkorash-tasdiq-nashud/ 3/3
августи соли 2021 тахминан соати 15.00 дақиқа ҳангоми аз маҳаллаи 61-
ум бо воситаи автомашинаи шахсиаш гузаштан дар роҳ ҳамкораш
Раҳмонова Ф.-ро дида, ки номбурда дар даст бастаҳои вазнини
селофанӣ дошт. Бо мақсади ба ӯ кумак расонидан бо автомашинааш ӯ
ва борхалтаҳояшро то манзили зисташ бурда мерасонад.
Дар назди манзили истиқоматии Раҳмонова Ф. аз автомашина
фаромада, борхалтаҳои маҳсулоташро ба хонааш бурда монда, аз онҷо
меравад.
Минбаъд, ӯ бо гирифтани ҷароҳатҳои сабук дар беморхона бистарӣ
мегардад. Вобаста ба ин ҳолат санҷиш идома дошта, оиди он, ки
Аъзамзода А. бо Раҳмонова Ф. муносибатҳои ошиқона ва дӯстӣ дошта
бошанд, тасдиқи худро наёфтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button