Сиёсат

НОМЗАДИИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДУБОРА БА ПРЕЗИДЕНТИИ ӮЗБЕКИСТОН ПЕШБАРӢ ШУД

Ҳизби ҳокими либералӣ-демократии Ӯзбекистон рӯзи 7 август
президенти кунунӣ Шавкат Мирзиёевро дубора ҳамчун номзад ба
интихоботи президентӣ пешбарӣ кард.
Президенти Ӯзбекистон барои 5 сол интихоб мешавад ва интихоботи
навбатӣ рӯзи 24 октябр баргузор мешавад. Танҳо 5 ҳизби сиёсии расман
дар Ӯзбекистон сабтиномшуда ҳақ доранд, номзадҳои худро ба
президентӣ пешбарӣ кунанд. Ҳамаи ин 5 ҳизб аз сиёсати ҳукумати
кунунии Шавкат Мирзиёев пуштибонӣ мекунанд ва иштироки
номзадҳояшон дар интихобот асосан ба хотири алтернативӣ ва дар
зоҳир пуррақобат нишон додани ин маърака аст.

Пештар ҳизби экологии Ӯзбекистон номзадии Нарзулло Обломуродовро
ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард. Ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизби
сотсиал –демократи “Адолат” низ ба қарор расид, ки дар анҷуманаш
роҳбари ҳизб Баҳрома Абдуҳалимовро ҳамчун номзади худ ба
интихоботи рӯзи 24 октябр пешбарӣ кунад.
Шавкат Мирзиёев, ки 64 сол дошта, инак, нахустин давраи панҷсолаи
президентиашро ба анҷом мерасонад, ҳанӯз ба пешбарии номзадиаш
вокуниш накардааст.
Мирзиёев соли 2016 дар пайи фавти президенти якуми Ӯзбекистон
Ислоам Каримов ба қудрат расида, сиёсати шадиду таъқиботии даврони
Каримовро бо сиёсати нарм иваз кард.
Ба фарқ аз Каримов, Мирзиёев тавонист дар як муддати кӯтоҳ
муносибатҳои Ӯзбекистонро бо ҳамаи ҳамсояҳояш, аз ҷумла бо
Тоҷикистон, хуб карда, дар дохили Ӯзбекистон маъракаи мубориза бо
коррупсияро ба роҳ андохт, бис ёре аз маҳбусони сиёсию мазҳабиро аз
зиндонҳо озод карда, ба мардум як миқдор озодиҳо дод.
Мирзиёевро гоҳо парчамбардори ислоҳот дар Осиёи Марказӣ ва Ден
Сяопини ӯзбек ном мебаранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button