МУҲОҶИРОН

МЕҲРУБОН ЯҚУБОВ ДАР ЯРОСЛАВЛ БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ АЙБДОР ШУД

Як ҷавони 27-солаи Тоҷикистон бо номи Меҳрубон Яқубов дар шаҳри
Ярославли Русия ба маблағгузории терроризм айбдор мешавад, – хабар
дод телеграм-канали «Ярославль Главный», ки сабти видеоии баёноти
Яқубовро низ нашр кардааст.
Меҳрубон Яқубов дар ин видео мегӯяд, соли 2015 “аз беақлӣ” кадом як
ифротгароеро бо лақаби “Абӯ Умар” пуштибонӣ кардааст ва ҳоло аз
кори кардааш пушаймон аст. Аммо акнун ба вай барои ин “беақлӣ”
ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои мақомоти амниятии Русия, Меҳрубон Яқубов, с.т. 1994,
ба шаҳри Ярославл соли 2011, вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, барои таҳсил
омада, соли 2015 Донишгоҳи давлатии техникии Ярославлро хатм
кардааст.
Таваҷҷуҳи мақомоти амниятиро як матлаби дар шабакаҳои иҷтимоӣ
нашркардаи Меҳрубон аз санаи 30 ноябри соли 2015 ҷалб кардааст.
Меҳрубон Яқубов, ки он вақт дар як манзил дар он сӯи дарёи Волга дар
кӯчаи Космонавтҳо иҷора менишаст, дар он матлаб акси кӯдаконро дар
даруни ҷангу ҷӯш нашр карда, аз ҳама хостааст, ки ба бунёди хайрияи
“Муҳоҷирун” пул гузаронанд. Дар матлаб ҳисоби бонкии ин фонд низ
нишон дода шуда буд. Аммо мақомоти амниятии Русия бар ин
назаранд, ки ин бунёд ба ном барои хайрия буда, дар асли аз тарафи
ҷангиёни ифротгаро идора мекшуд ва ба ҷангиён дар Сурия кумак
мерасонд. Ҳисоби нишондодаи Меҳрубон Яқубов ба номи Анна
Пашутина буд. Ин зани 35-сола, ки ду сол ба ҳайси муҳосиби бунёди
“Муҳоҷирун” кор кардааст, соли 2020 ба ташкили маблағгузории
терроризм айбдор карда шуд.
Дар солҳои охир даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Русия бо ҷурми
маблағгузорӣ, таблиғ ё тавҷеҳи терроризм ва шуморе барои иштироки
бевосита дар фаъолиятҳои террористӣ боздошт ва маҳкум шуданд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти амниятии Русия бархе муҳоҷиронро
бо парвандаҳои сохта низ ба терроризм айбдор мекунанд, то ки
натиҷаҳои худро дар мубориза бо гуруҳҳои террористӣ аз будаш
бузургтар нишон диҳанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button