ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ ЯК КОРГАРИ ТОҶИК ЗЕРИ ПЛИТАИ СЕТОННАӢ МОНДААСТ
![](https://bomdodi.com/wp-content/uploads/2021/08/плита.jpeg)
Дар шаҳри Екатеринбурги Русия як коргари сохтмон зери плитаи
бетонии сетоннаӣ мондааст. Ин ҳодиса ҳангоми таъмири бинои собиқ
боғчаи кӯдакон дар кӯчаи Ясная, 34/А, рӯй додааст.
Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Екатеринбург гуфтаанд, ки муҳоҷири 36-
сола аз Тоҷикистонро бо осеби косахона ва мағзи сар, дасту пои
шикаста ва ҷароҳатҳо дар ноҳияи шикамаш дар шуъбаи реаниматсияи
шифохонаи клиникии №1 (ОКБ№1) бистарӣ кардаанд. Табибон ҳоло
барои наҷоти ҷони ӯ мубориза бурда истодаанд.
Исми коргари тоҷик нашр нашудааст.
Кумитаи тафтишот ин ҳодисаро тафтиш мекунад.
Манбаъ: JustMediahttps://www.justmedia.ru/news/society/vyekaterinburge-na-rabochego-upala-trekhtonnaya-plita?
utm_source=yxnews&utm_medium=desktop&utm_referrer=https%3A%2F%
2Fyandex.ru%2Fnews%2Fsearch%3Ftext%3D
кӯчаи Ясная, 34А, шаҳри Екатеринбург. Акс аз: Google Map
Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед