Коронавирус

ВАЗОРАТ МАРГИ БОЗ ЯК НАФАРРО АЗ КОРОНАВИРУС ТАСДИҚ КАРД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 10 август хабар дод, ки давоми
шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 72 ҳолати нави гирифторшавии
шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар
айни замон 83 нафар пас аз муолиҷа аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, вале
дар як шабонарӯзи охир, мутаассифона, боз як нафари дигар аз
коронавирус ҷон бохтааст. Исми нафари фавтида нашр нашудааст.
Аз аввали моҳи август вазорати тандурустӣ фавти танҳо ду нафар ва аз
аввали пандемия фавти 123 нафарро аз коронавирус расман тасдиқ
кардааст. Вале мунтақидон мегӯянд, шумори воқеии қурбониёни
коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмии ин вазорат
аст. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз аввали моҳи август дар
бораи ҳалокати дастикам 15 нафар аз ин беморӣ хабарҳо нашр
шудаанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button