Коронавирус

ВАЗОРАТ МАРГИ АҲМАДҶОН РАҲМОНЗОДА АЗ КОРОНАВИРУСРО НИЗ “НАДИД”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 9 август хабар дод, ки дар як
шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 69 ҳолати нави гирифторшавии
шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар
ин муддат 76 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва касе нафавтидааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 9 август “Бомдод” хабари аз коронавирус ҷон
бохтани корманди баландпояи Додситонии кулли Тоҷикистон
Раҳмонзода Аҳмадҷон Футурро нашр карда буд. Аҳмадҷон Раҳмонзода
инак дуюмин узви хонаводаи пурнуфузи Футур Раҳмонов аз деҳаи
Паркамчии ноҳияи данғара аст, ки қурбонии коронавирус шуданд. 1
сентябри соли 2020 бародари ӯ генерал Алихон Раҳмонзода низ тӯъмаи
ин вирус шуда буд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button