Коронавирус

БОЗ ФОҶИА! БОЗ МАРГИ БЕМАҲАЛ!ДАРГУЗАШТИ ТАБИБИ ТАВАЛЛУДХОНАИ №2 РИЗВОНА ҲАЁТОВА

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10 август қалби табиби шинохта,
акушер гинекологи Таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе Ризвона Ҳаётова
дар синни 56 аз тапидан бозмонд. Маросими видоъ бо марҳум дар
манзилаш дар маҳаллаи Водонасосная, хиёбони Рӯдакӣ, 158 ва намози
ҷанозаи Ризвона Ҳаётова субҳи 11 август, соати 07:00 дар масҷиди
Сариосиё баргузор мешавад.
Дар бораи иллати марги табиб чизе гуфта нашудааст, вале дар номаи
таслияти иттифоқи касаба Ризвона Ҳаётова ҳамчун “як инсони
хирадманду оқилу заминӣ, зебосиритшту зебопараст, табиби дараҷаи
олӣ, модари мушфиқ ва зани меҳрубону меҳнатдӯсту меҳмондӯст”
тавсиф шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button