Иқтисод

БА ЭЪТИРОЗГАРОНИ ПАНҶАКЕНТ ИҶОЗАТИ ГУЗАШТАН АЗ САРҲАДИ ӮЗБЕКИСТОНРО ДОДАНД

Субҳи 5 август ба як гуруҳи сокинони Панҷакент, ки як рӯз қабл дар
назди шаҳрдории Панҷакент эътироз карданд, иҷозат додаанд, то аз
тариқи гузаргоҳи Саразм марзи Ӯзбекистонро убур кунанд. Манбаи
пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, танҳо ба як қисми эътирозгарон ва
онҳам ба онҳое, ки дар даст чиптаи парвоз ба Русия аз тариқи
фурудгоҳҳои Ӯзбекистонро доштанд, иҷозати гузаштан додаанд ва ба як
қисми дигар гуфтаанд, ки бегоҳ иҷозати гузаштани онҳоро медиҳанд.
Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфтанд, мақомоти марзбонии гузаргоҳи Саразм
тақрибан аз ҳамаи онҳое, ки марзро убур карданд, аз 400 то 500 сомонӣ
“ҳаққи дарвоза” ё худ “андози хуруҷ аз биҳишт” гирифтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button