КоронавирусХабарҳо

БА ДИҚҚАТИ МУҲОҶИРОН! ДАР РУСИЯ БАРОИ ДАР ПОРТАЛИ ГОСУСЛУГИ НАГУЗОШТАНИ НАТИҶАИ ТАШХИС НИЗ ҶАРИМА МЕБАНДАНД

Додгоҳи ноҳияи Мотовилихинои шаҳри Перми Русия як занро, ки
моҳи апрел аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ба Русия омада буд, ба
маблағи 7500 рубл (100 доллар) ҷарима баст. Бар асоси маводи
парванда, ин зан баъди омаданаш аз Тоҷикистон мебоист дар муддати
се рӯз аз ташхиси коронавирус гузашта, натиҷаҳояшро дар портали
ягонаи Госуслуги мегузошт, вале ӯ ин корро сари вақт анҷом
надодааст. Додгоҳ ин кирдори занро ҳамчун вайрон кардани
меъёрҳои беҳдоштӣ ва иҷро накардани тадбирҳои зиддиэпидемӣ дар
давраи пандемия арзёбӣ кардааст ва ӯро ҷарима бастааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button